Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тавассути касб намудани авсофи ҳамида банда ба холиқи худ тақарруб ёфта, аз ҳамин роҳ ба ши-
1 нохти Ӯ мушарраф шуда, ба камол мерасад”.
Абдуҳомид Ғаззолӣ фармудааст, ки: “... мақсуд аз дунё зоди(тӯшаи) охират аст, ки одамиро дар ибтидои офариниш сода офаридаанду ноқис, валокин шоистаи он ки камол ҳосил кунад ва сурати малакутро нақши дили хеш гардонад, чунонки шоистаи Ҳазрати Илоҳият гардад, бадон маънӣ, ки роҳ ёбад, то яке аз наззорагиёни ҷамоли Ҳазрат бошад. Ва мунтаҳои саодати вай ин аст ва биҳишти вай ин аст ва вайро барои ин офарида-
2 анд”.
Ба гуфти тасаввуфшинос Наҷмиддин Комилов:
“Модоме ки инсон сарвари ҳар ду олам, Ашарафулмахлуқот бошад, ин баҳоест, ки ба ҷиҳати илоҳигарию раҳмонии вай нигоҳ карда гуфта шудааст ва ишораест ба Инсони комил. Инсони комил ҳақиқати ҷамъеи инсонҳост, яъне одамитарини одамҳост. Ҳар яки мо илму амал ва фазлу камолро касб намуда, ба сӯи ана ҳамин ҳақиқат
3 бояд равона бошем”. Инсон бузург, мӯҳтарам ва мукаррам аст. Ҳақиқати Инсон дар илоҳигарӣ ва дорои рӯҳи раҳмонӣ будани ӯст. Аммо афсӯс, ки дар яке ин рӯҳ ғолиб омада, ӯро ба шарафмандӣ барад, азизу мӯҳтарам гардонад, дигаре ба майлу рағбати ҷисмонию ҳайвонӣ дода мешавад.

1
Усмон Нурӣ Топбаш. Тасаввуф – аз имон ба эҳсон. – С.36.
2
Кимиёи саодат. Ҷилди 1. – С.156.
3
Нажмиддин Комилов. Тасаввуф. Иккинчи китоб. Тавҳид асрори.
– С.150.

пешина
аз 53
навбатӣ