Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба камолот дар як назар мондаем. Оё худи мафҳуми “камолот”, тағйир ёфтааст? Ҳа, аз ҷумла дар соҳаи касбу илму бадан тағйир ёфтааст, аммо дар фаҳмиши комилии руҳонӣ, не! Дунё комёбиҳои зиёдеро дар илм дастрас шуд, аммо нишондодҳои тасаввуфӣ монанди асосҳои ислом нисбати камолоти инсон қимати худро тағйир надодаанду ҷолиб ва сеҳрноктар мегарданд. Аз роҳи дониши ақлонӣ ба даст овардани маънавиёти беҳудуду беинтиҳо ва дарк намудани асрори моҳияти ҳодисаҳои олам ғайри имкон аст. Ҳамин тавр, ҷараёни камолоти маънавӣ аз рӯйи мазмуну моҳияти масъала шарҳнопазир аст ва онро касе метавонад дарку тасаввур намояд, ки худаш ба ин роҳ гароида бошад. Ин муаммо ҳамоно бо долзарбии худ боқӣ мемонад.
Саволе ба миён меояд, ки инсони бомаърифат дар кадом замон ба ҳақиқат наздиктар буд? Дар ибтидои офариниш, дар асрҳои миёна ё дар охир?
Бо дониши ночизи худ қудрати ба ин савол ҷавоби дақиқ гуфтанро надорем.
Имрӯзҳо миқдори босаводон нисбат ба замонҳои пеш хеле зиёд шудааст. Адолат, покизагӣ, ҳалолӣ, ростқавлӣ, ҷавонмардӣ, худотарсӣ ва ғайра пеши ҷамъият эътибори худро гум накардаанд. Имрӯз ҳам инсонҳои комил дар ҷамъияти мо мавҷуданд. Одамон ҳоло ҳам умеду орзуяҳояшонро аз даргоҳи Парвардигор мунтазиранд ва ҷустуҷӯи маърифатуллоҳ(донишҳои илоҳӣ) ва ҷодаи камолотро давом медиҳанд. Дар баробари ин, дар ҳама давру замон инсон дар шароите қарор дорад, ки метавонад ӯро ба сӯи ҷодаҳои ноҳамвор пеш барад.

пешина
аз 53
навбатӣ