Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ҷуз ӯ дигар ҳама кайҳо фаромӯш кардаанд. Дар бадали солҳои зиёде ки аз омаданаш ба Сари Озек гузашта рафтанд, фақат ду маротиба эҳсос намуд, ки вай ҳеҷ чизро фаромӯш накардааст. Як маротиба писараш ӯро оташин кард, дафъаи дигар ҳазли Едигей андак ноҷоя баромад.
Дар яке аз омаданҳои Собитҷон ҳама ҷой нӯшида, сӯҳбат мекарданд, ба хабарҳои тозаи шаҳр гӯш медоданд. Собитҷон дар қатори дигар навигариҳо хандакунон хабар дод, ки он қазоқу қирғизҳое, ки дар солҳои коллективӣ ба Синҷзян рафта буданд, ҳоло боз гашта меоянд. Дар он ҷо Хитой онҳоро ба коммунаҳо андохта, сахт азоб додааст. Дар хона хӯрок хӯрдан манъ будааст, хурду калон коса бардошта, дар навбат меистоданд ва рӯзе се карат аз деги умум ғизое медоданд. Хитойҳо ҳолашонро чунон танг кардаанд, ки молу ҳолашонро партофта, аз оташ гурехта барин фирор мекардаанд. Рӯяшонро ба хок молида, илтимос мекардаанд, ки зинҳор ба мо роҳ диҳед.
— Хайр, ту ба чӣ механдӣ? — қиёфаи Қазонқоп тира гардид, лабонаш аз шиддати ғазаб пир-пир мепариданд. Ба ӯ чунин ҳол хеле кам рӯй медод ва ҳамчунин хеле кам — метавон гуфт қариб ҳеҷ гоҳ — иттифоқ меафтод, ки ба писараш бо ин гуна як оҳанги сахт муроҷиат кунад. Вай писарро бағоят азиз медошт, хононд, чизеро дареғ надошта, парасторӣ кард, умед дошт, ки рафта-рафта, одами баобрӯ мешавад. — Барои чӣ ту мазоҳ карда гап мезанӣ? — илова намуд ӯ бо овози гирифта. Хун ба сари Қазонқоп зада буд ва изтиробаш торафт шиддат мегирифт. — О ин мусибат-ку!
— Хайр, ман чӣ тавр гап занам? Э шумо ғалатӣ! — эътироз кард Собитҷон. — Ман воқеаро чунон ки буд, ҳамон тавр гуфта истодаам.
Падар дар ҷавоб чизе нагуфт. Фақат пиёлаи пур аз чойро дуртар тела дод. Хомӯшии ӯ торафт гаронтар мешуд.
— Ман ҳайрон, одамон аз кӣ меранҷанд? — бо ҳайрат китф дар ҳам кашида, ба гап даромад Собитҷон.— Ҳеҷ намефаҳмам. Боз як бор мегӯям, аз кӣ меранҷанд? Аз замона ранҷидан — бефоида, чунки вай бебозгашт аст. Ба ранҷидан аз ҳукумат ҳақ надорӣ.
— Медонӣ, Собитҷон, ин кори ман нест, ман ҳамеша ба кӯрпаам нигоҳ карда пой дароз мекунам. Лекин, писарам, гумон мекардам, ки аклат расо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё