Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
сиёҳи дурушт синаашро фишор медод. Уқубала гоҳ-гоҳе кӯшид, ки қисми зиёдтари корро ба зиммаи худ бигирад, то шавҳараш муддате истироҳат кунад, дар каноре нишаста биосояд. Занбаргалтакро худаш аз ангишт пур карда, худаш ба сари ғарам тела дода мебаровард. Аммо Едигей ба дидани азобу машаққати зан тоб оварда наметавонист, калавида-калавида, аз ҷояш бармехост ва кори худро давом медод...
Дере нагузашта соҳиби уштур чуволи худро пуштора карда омад. Борашро дар болои уштур гузошта баст ва пеш аз рафтан ба назди Едигей омад то ду даҳан арзи сипос намояд. Банохост сӯҳбаташон авҷ гирифт. Ин мард Қазоқоп буд, ҳамин Қазоқоп, коргари роҳи оҳан аз дуроҳои Бӯрони...
Онҳо ҳамдиёр баромаданд: Қазоқоп гуфт, ки зодгоҳи вай ҳам яке аз овулҳои соҳили Арал аст. Ин ҳол ба зудтар унс гирифтанашон кӯмак кард.
Дар он соат ҳанӯз ба хаёли касе намеомад, ки ин мулоқот ҳамаи зиндагонии минбаъдаи Едигею Укубаларо дигаргун месозад. Қазоқоп пас аз андаке сӯҳбат ҳардуро розӣ кунонид, ки ҳамроҳи вай ба дуроҳои Бӯрони бираванд ва дар ҳамон ҷо монда, зиндагонӣ кунанд. Тоифае ҳаст, ки баробари дида шинос шудан дили касро ба худ моил мекунад. Ягон хислати ғайриоддиде надошт Қазоқоп, баръакс рафтори оддиаш шаҳодат медод, ки хирадманди у аз сабақҳои гарони зиндагонӣ ҳосил шудааст. Зоҳиран як марди соддаи қазоқ буд, сару либоси рангпаридае дошт, ки аз бисёр пӯшидан ба пайкараш сахт нишаста буд. Шалвори аз пӯсти ош додашудаи буз дӯзондааш барои уштурсаворӣ бисёр соз буд. Аён буд, ки ба қадри либос мерасад: фуражкаи расмии коргари роҳи оҳан, ки одатан барои сафарҳо эҳтиёт мекард, каллаи калонашро зеб медод. Мӯзаи хромаш солҳои зиёд хизмат карда бошад ҳам, бо вуҷуди дарбеҳу кӯкҳои бисёраш тоза ва озода менамуд. Аз чеҳраи дар офтобҳои сӯзон ва бодҳои муттасили биёбон обутоб ёфта ва аз дастони серрагу паяш маълум буд, ки муқими дашту биёбон аст. Китфи тавонояш аз меҳнату машаққат пеш аз мӯҳлат андаке хамида буд ва аз ин сабаб гарданаш гардани ғози нар барин дароз менамуд, гарчанде аслӣ марди миёнақаде буд. Чашномаш бисёр аҷоиб буданд — чашмони мешӣ, нигоҳашон пур аз маъно, эҳтиною эътибор ва табассуми навозишкор ва ҳангоме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё