Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ба ларза меандохтанд... Чӣ рӯзе, чӣ рӯзгоре ҳар кадоме аз ононро дар пеш аст? Он чизеро ки тақдир маҳрумашон кардааст, кӣ ва чӣ тариқа пас медиҳад? Бебозгашт рафтаро кӣ метавонад бозгардонад? Ва фақат ба ивази он ки чунин рӯзи сиёҳ ба сари ӯ наафтодааст (ва ҳол он ки метавонист ба сари ӯ низ биояд), ба хотири он ки шавҳараш садама хӯрда бошад ҳам, бо дасту пои бутун баргаштааст, Укубала ҳозир буд ҳамаи корҳои пурмашаққаттарини оламро ба танҳоӣ адо намояд. Ва ин буд, ки шиква намекард, оҳу воҳ намегуфт ва ҳатто даме ки барои ҳаракат додани пояш мадоре надошт, ҳатто лаҳзаяе ки гӯё фақат рамақе ба ҷонаш монда буд, чунон вонамуд мекард, ки воқеае рух надодааст...
Аммо Едигейро аз ҷонбозиҳои зан ҳол сабуктар намешуд. Дар дилаш мегуфт, ки тадбире бояд андешид, ҷои худро дар ин рӯзгор бояд муайянтар кард. Охир, ҳамаи умр дарбадары овора гашта намешавад-ку. Ва ба сараш дам ба дам чунин хаёле меомад, ки таваккал гуфта, ба шаҳр раванд, чӣ мешуда бошад? Ба ӯ саломатиаш баргардад, садамаи сабилмонда даст аз гиребони ӯ бардорад, кифоя аст. Дар он сурат ӯ боз кору кӯшишу талошҳо мекард... Дар шаҳр ҳам, албатта, кор метавонад ҳар гуна ранг бигирад, эҳтимол ки онҳо ба мисли бисёри одамони дигар шаҳрӣ шуда мерафтанд, лекин амри тақдир дигар будааст. Оре, он воқеа маҳз бо амри тақдир вобаста буд, дигар чӣ ҳам мегӯӣ...
Рӯзҳое ки онҳо дар истгоҳи Кумсел кашонда тӯда кардани як вагон ангиштро посира гирифта буданду барои анҷом додани ин кор азоб мекашиданд, дар анбори ангишти паси депо як қазоқи уштурсаворе пайдо шуд, ки аз афташ бо кору бори худ аз кадом даште омада буд. Ҳа, аз афту андомаш ҳамин хел менамуд. Мардак ба пои уштур ишкел андохту онро ба рӯи ҳавлӣ ба чаро сар дод, сипас худ чуволи холиеро зери бағал гирифта, бо ҳавоси парешон ба ҳар сӯ нигоҳҳо афканда, ба роҳаш равон шуд.
Вақте ки аз қарибии Едигей мегузашт, ба ӯ муроҷиат кард:
— Ҳой додар, барака ёвӣ, ба уштури ман гоҳ-гоҳ нигоҳ кун, бачаҳо чаққа нашаванд. Як одати бад доранд онҳо, моли бесоҳибро бинанд, озор медиҳанд. Баъзан барои дилхушӣ шуда, ишкели пояшро кушода сар медиҳанд. Ман зуд меоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё