Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

наандохт. Аробаи ҳамсояро талабида, кӯдаки нотобро ба истгоҳи роҳи оҳан, ба назди духтур бурд. Савори он аробаи шалак то ба Аральск расиданд, ки кор аз кор гузашта буд. Писарак дар роҳ сӯхта адо шуд. Духтурзан ӯро сахт хоҳиш намуд. Ба маслаҳати пиразанон гӯш кардан лозим буд, гуфт...

Едигей аз остона нагузашта, ана ҳамин хел шумҳабар мунтазираш буд. Фиғонаш ба осмонҳо печид, тану чонаш сӯхту фақат хокистар нашуд. Вай ҳеҷ гумон намекард, ки доғи фарзанд, ҳатто нахустинфарзанде ки барои парасториаш фурсати қазой надошт, ин қадар дилфигор мешудааст. Ва аз ин сабаб аламаш боз дучандон мегардид. Хандаи беғубор ва маъсумои тифли бегуноҳ ҳар дам пеши назараш меомаду дилаш реш-реш мешуд.

Оғози мусибат ана ҳамон соати наҳс буд. Сонӣ рафта-рафта аз овул дилаш хунук шудан гирифт. Як замонҳо дар ин пуштай серреги лаби баҳр тақрибан панҷоҳ хонавода одамон мезистанд. Касбу корашон моҳигирӣ буд. Ба як артель муттаҳид шуда, аз касби худ ризқу рӯзӣ медиданд. Ҳоло дар доманаи тал фақат даҳ ҷулбаи гилӣ монда буд. Аз мардина ному нишоне намондааст, ҳамаро ҷанг ба қомаш кашидааст. Чанд нафар пирамард ва писараконе мондаанд, ки ангуштшумор буданд. Қисми зиёди онҳо ба овулҳои колхозӣ, ба фермаҳои чорвопарварӣ пароканда шуда рафтаанд, то аз гуруснагӣ намиранд. Артель тамом шудааст. Касе намондааст, ки барои моҳигирӣ ба паҳнои баҳр баромада тавонад.

Уқубала ҳам дар асл аз қабилаҳои бодиянишин буд ва метавонист ба пеши хешовандонаш биравад. Онҳо ба наздаш омаданд, гуфтанд, ки туро ҳамроҳамон мебарем. Дар ин солу замонаи пурфалокат, гуфтанд хешовандонаш, ҳамроҳи мо бош, Едигей аз фронт баргардад, боз ба пеши моҳигиронат, ба ҳамин Чонгелдиат меоӣ, мо туро баста намемонем. Аммо Уқубала не гуфт: «Шавҳарамро интизор мешавам. Писаракам нобуд шуд. Падараш соғу саломат баргардад, ақаллан занашро аз хона даръёб карда тавонад. Ман ин ҷо яккаву танҳо нестам, хурд ҳаст, калон ҳаст, бо онҳо даст ба даст мекунам, дар қатори кӯп мегардам».

Нарафтани Уқубала дуруст буд, лекин Едигей аз рӯзи якуми омаданаш ҳар дам ба такрор мегуфт, ки тоқати ин ҷо мондан надорад, дар соҳили баҳр бекор-бекор

пешина
аз 293
навбатӣ