Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ҳарчӣ ҳам бошад, роҳи қабристони қабилавии найманҳо Она-Байт он қадар наздик набуд, сӣ километр меомад, вай ҳам агар ҳар дам ба атроф нигоҳ карда, аз мобайни Сари Озек рост биравӣ.
Едигей Бӯронӣ саҳари барвақт аз хоб хест. Ростӣ, дуруст хоб ҳам накардааст. Фақат бомдодон чашмашро ғанаб бурдааст. Пеш аз хоб ҷасади Қазонқонро ба роҳи охирин омода мекард. Одатан ин корро рӯзи дафн, пеш аз ҷаноза мекунанд. Аммо ӯро лозим омад, ки ин корро шабона дар арафаи дафн анҷом диҳад, то ки саҳари барвақт ба роҳ бароянд. Ҳар коре ки лозим буд, бо дасти худаш кард. Фақат Одилбои Дароз барои покшӯй оби гарм накашонид. Одилбой андаке метарсид ва аз ҷасади марҳум худро дуртар мекашид. Едигей инро пай бурда, гӯё иттифоқан маслиҳат медиҳад бошад, гуфт:
— Ту, Одилбой, вай кун, бадиққат нигоҳ кун. Даркор мешавад дар зиндагонӣ. Одам, ки ба дунё омад, як рӯз не як рӯз дафн карданаш лозим меояд.
— Ман ина мефаҳмам-куя, — дилу бедилон садо баровард Одилбой.
— Ман ҳам ҳамина мегӯям. Масалан гирем, фардо ман мурдаму мондам. Кӣ мурдаи мана мешӯяд, гӯру кафан мекунад? Ё ягонҷа чукурия ёфта метиқконеду тамом?
— Не-е, наход-е! — хиҷолатомез гуфт Одилбой чароғи дасташро дурусттар дошта ва кӯшиш кард, ки ба ҷасади марҳум наздиктар биёяд. — Шумо муред, мо чӣ кор мекунем? Беҳтар ин ки зинда бошед. Лаҳад ба ҳеҷ ҷо намегурезад.
Ба мурдашӯй тахмин якуним соат рафт. Аммо Едигей аз кори худ розӣ буд. Ҷасади марҳумро топ-тоза шуст, дасту похояшро рост кард, аз матои сафед кафан бурида, мувофиқи расму оин Қазонқонро ба он печонида, дӯхт. Ва дар айни замон ба Одилбой нишон медод, ки кафандӯзӣ чӣ хел мешавад. Сонӣ бо афту андоми худаш машғул шуд. Ришашро тоза тарошид, мӯйлабашро ба тартиб овард. Мӯйлабаш мисли абрӯвонаш анбӯҳу маҳкам буд. Фақат тораҳои сафед пайдо шуда, рангаш мошубиринҷ гашта буд. Едигей медальҳои сарбозиашро ҳам аз ёд набаровард, орденҳо, нишонҳои зарбдориашро то ялаққосӣ шуданашон тоза кард, ба сари синаи пиҷакаш шинонида, барои фардо тайёр карда монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё