Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

мадорӣ ин кабил мушоҳидаҳо дохил намешуданд.

Он рӯзе, ки боз як ҳодиса рӯӣ доду фарзияи дар Коинот — ба ҷуз рӯи Замин ҳам вуҷуд доштани зоти соҳибшууро чун бурҳони қотеъ ба субут расонид, дигар кор аз кор гузашта буд: дар тафаккури мо, дар тасаввуроти мо оид ба созмони оламу одам таконе, ҷаҳише, табаддулоте ба амал пайваст ва мо банохост дарёфтем, ки назар ба пешина бо макулоти дигаре, ба дараҷаи дигаре андеша меронеҳ. Идроки сифатан тозаи афлок, кашфи фазои наве, ки зотҳои зинда дорад, дарёфти манбаи навини хирад ва шуур мо родор намуданд ба хулосае биоем, ки аз огоҳ кардани заминиён аз кашфиёти худ то вақту соати муайян бояд худдорӣ кунем. Ва дар ин тасмим ғамхории мо бар Замини мо ва манфиати ҷамоаи имрӯзан он акс ёфта буд.

Акнун чанд сухан оид ба моҳияти воқеае ки рух дода буд.

Рӯзе аз рӯзҳо моро ҳисси кунҷковӣ даст доду қарор кардем тақрибан бо ҳамон басомад ва маҳз ба ҳамон нуктаи Коинот, ки аз он ҷо радиоимпулсҳои мунтазами пурасрор мерасиданд, радиосигнали ҷавобӣ фиристем.
Инак, мӯъҷиза! Сигнали мо дарҳол қабул шуд! Вай ба ҳадаф расид! Дар минтақаи сигналпазирии мо бар иловаи манбаи пештара боз як манбаъ ва дере нагузашта боз яктои дигар ба кор даромад. Ин садои сегонаи пайгомовари таҳниятгузоре буд.
Се радиосигнали ҳамзамон дар тӯли чандин соат аз Коинот чун савти мунтанане аз вуҷуди зотҳои соҳибфаросати берун аз Одами Афлоки мо муждаи суруромез мерасониданд, ки иқтидори тавоное доранд бо зотҳои яксони худ ба масофаҳои ниҳоят бузург робита банданд.
Ин воқеа дар тасаввуроти мо доир ба биологияи кайҳонӣ, дар дониши мо оид ба таркиби вақт, фазо ва масоҳат инқилобе овард... Наход дар олами бекарон мо танҳо набошем? Дар биёбонистони нопайдоканору беинтидою беинтиҳои ин Ҷаҳон яккаву ягона набошем? Наход ҳаёти инсон дар рӯи Замин бозёфти танҳои рӯх набошад?

Тамаддуни берун аз Заминро кашф кардани мо оё
рост бошад? Мо барои озмоиш формулаи ҷирми хок, яъне ҷисми ҳамон Заминеро, ки ҳаёти мо аз азал он ҷо
пайдо шуда ва ҳоло низ ба неъмати он такя дорад, ба
шакли радиосигнал роҳӣ намудем. Ҷавоб омад, ки рамзи

пешина
аз 293
навбатӣ