Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

омада будааст, рафт ба хориҷа. Ба дигарҳо роҳ надоду рафт, ба ҳавопаймо савор шуду аз болои уқёнус парида рафт. Намедонам, Уругвай буд ҷон рафтааш ё Парагвай. Рафту тамом шуд. Дар айни болои ҳамон секунҷаи Бермуд ҳавопаймо ғайб задааст. Тамом, нест дигар. На пай ҳаст, на ҳайдар. Бинобар ин, дӯстонам, аз касе чизе илтимос кардан, иҷозатнома мегирам гуфта, даводав кардан, пеши роҳи касеро гирифтан фоида надорад. Бе ҳамон секунҷаи Бермуд ҳам рӯзамон мегузарад. Дар замини худат зиндагонӣ карда гаштан гир, саломат бошӣ — кифоя. Биёед барои саломатиамон бинӯшем!

«Ана сар шуд! — дар дил дашном дод Едигей. Ҳозир матали дӯстдоштаашро ба ёд меорад. Эҳ, офат, офат... Ҳамин ки ба дарунаш шароб даромад, даррав тормозаш аз кор мебарояд!» Воқеан, ҳамин тавр шуд.

— Ба саломатиамон менӯшем! — такрор намуд Собитҷон ва ба атрофиён бо чашмони хираи нигоҳашон лағжанда назар афканд ва зӯр мезад, ки қиёфаи худро бамаънию бовиқор вонамуд кунад.— Саломатии мо бошад, бузургтарин сарвати мамлакат аст. Ана моҳияти гап дар куҷо! Мо одамони аной не, мо одамони давлатӣ ҳастем! Ман боз мехоҳам бигӯям, ки...

Едигей Бӯрони башаст аз ҷой бархосту ба анҷоми нӯшбоди вай нигарон нашуда, аз хона баромад. Дар торикии даромадгоҳ чизеро такаррос зада рафт, пояш ба сатили холӣ ё чизи дигар расида, онро чаппа кард. Вай мӯзаи кирзашро, ки то ин дам дар ҳавои кушод истода, сардакак шуда буд, саросема пӯшиду роҳи хонаро пеш гирифт. Едигей парешон ва оташин буд. «Оҳ, бечора Қазонқоп! — аз шиддати алам нӯки мӯйлабро зери дандон газида, нолиши пасте баровард ӯ.— О ин чӣ рӯзе буд, а? Мурдаро мурда намедонанд, мусибатро мусибат намешуморанд! Гӯё шаби хурсанди бошад, баҳузур нишаста, арак мезанаду ҳатто абрӯяш ҳам намехӯрад-а! Боз гапҳои ин зота маза кунед: саломатии давлатӣ! Ҳар дафъа биояд, аҳволаш ҳамин. Фардо, худо хоҳад, маъракая гағз гузаронанд, баъди дафн оши худой кунанд, сонӣ бигузор ки паи қадамаш аз ин ҷо канда шавад, ҷон халос! Ин ҷо вай ба кӣ даркор ё аз ин ҷо ба вай кӣ ҳам лозим?!»

Ба ҳар ҳол дар хонаи Одилбои Дароз хеле нишастаанд. Шаб нисф шудааст. Едигей аз ҳавои тоза ва шабона серун шудаи Сари Озек синаашро пур карда-пур карда

пешина
аз 293
навбатӣ