Мантиқ

Ҳангоми риоя нашудани қоидаи якум барои вазъиятҳои а); б); в); г):
хатогиҳои зеринро мувофиқ меоянд.
a) «Таърифи ниҳоят васеъ». Барои мазмунан ҳақ будани таъриф шаклан дуруст будани он ҳатмист, зеро таъриф танҳо дар он сурат барои ҳалли масъалаҳо ёрӣ мерасонад, ки агар он, мазмунан ҳақ ва шаклан дуруст бошад. Баъзан саҳеҳии таъриф ҳангоми риояи қоидаи мутаносибӣ ба даст меояд. Мувофиқи қоидаи мазкур ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда бояд ба ҳаҷми мафҳуми таърифкунанда баробар бошад. Аммо, чӣ хеле, ки мо таъкид намудем, ин қоида аксаран вайрон мешавад. Масалан, лектори доир ба масъалаи тарбияи ахлоқ баромадкунанда чунин таъриферо пешниҳод намуд; «Ахлоқ, шакли шуури ҷамъиятист». Оё чунин таъриф дуруст аст? Бешак ахлоқ шакли шуури ҷамъиятист, аммо идеологияи сиёсӣ, шуури ҳуқуқӣ, санъат ва ниҳоят фалсафа низ шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Аз ин рў, таърифи мазкур нисбатан васеъ аст. Аниқтараш, мафҳуми таърифкунанда (дfn) аз мафҳуми таърифшаванда (дfd) васеътар аст.
(wдfd<wдfn). Мисолҳои дигар: «Ҳаннотӣ гуфта харида фурўхтани молҳо ё чизҳои дигарро меноманд». «Инсон - ҳайвони дупои бе пар мебошад». Ин таърифҳо таърифҳои ниҳоят васеъ мебошанд. Дар баъзе мавридҳо хатои «таърифи ниҳоят васеъ»-ро дар чунин матнҳо муқаррар кардани мешаванд, ки дар асл вай вуҷуд надорад. Сабаб дар он аст, ки таърифи ошкор ва ҳукми атрибутивӣ бо ҳам айният дода мешавад, ҳол он, ки ҳукми атрибутивӣ вазифаи таърифро иҷро карда наметавонад. Ҳукми атрибутивӣ ва таърифи ошкор зоҳиран якхелаанд, зеро шакли мантиқиашон А – В аст, бинобар ин, онҳо бо ҳам омехта мешаванд. Барои пешгирии чунин ҳолат бояд дар матн ҳамаи таърифҳо махсус таъкид шаванд. Барои таъкид усулҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст: дар зери ибораҳо хат кашидан, истифодаи ҳуруфи махсус, калимаҳои «номида мешавад», «фалон ифодаро ин тавр муайян мекунем» ва ғайра.
б) «Таърифи ниҳоят маҳдуд». Агар мо мафҳуми «кўл»-ро ҳамчун «қисми обии сатҳи замин, ки аз ҳама тараф бо хушкӣ иҳота шуда, обаш нушокӣ мебошад» ё ин ки мафҳуми «капитализм»-ро ҳамчун «форматсияи иҷтимоию иқтисодие, ки дар он ҳукмронии монополияҳо ва олигархияи молиявӣ мавҷуд аст» - гўён таъриф кунем, пас хато содир мекунем, зеро дар ин ҷо низ қоидаи мутаносиби вайрон шудааст, аммо нисбат ба ҳолати пешин, яъне (а), мафҳуми таърифкунанда (дfn) аз мафҳуми таърифшаванда (дfd) маҳдудтар аст: (wдfd>wдfn). Дар таърифҳои мазкур ба сифати фасл на нишонаи фарқкунандаи навии таърифшаванда, балки нишонаи нави тартиби дуюм интихоб шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё