Мантиқ

Мафҳумҳое, ки мо дар ин параграф таҳлил намудем мафҳумҳое мебошанд, ки ҳаҷми онҳоро силсилаашё ташкил медиҳанд.
§ 5. Муносибати байни мафҳумҳо.
Дар раванди таълим, ҳангоми баён ё мураттаб сохтани маҷмўи ақидаҳо доир ба ин ё он масъала, инчунин дар бисёр мавридҳои дигар, на танҳо зарурати таъбири навъи мафҳумҳо ба миён меояд, балки муайян кардани муносибати байни мафҳумҳо, аз масъалаи муҳим ба шумор меравад. Дар чунин мавридҳо фикре, ки мисли гуфтори мо: «ин мафҳум ба фалон мафҳум ниҳоят наздик аст» баён мешавад, фақат корро печ дар печ мекунанду бас.
Барои он, ки чунин ҳолатҳо рўй надиҳанд, навъҳои муносибати як мафҳум бо мафҳуми дигар бояд дуруст ва амиқ нишон дода шавад. Ин корро, танҳо бо ёрии илми мантиқ ҳал кардан мумкин аст.
Ҳангоми муайян намудани муносибати байни мафҳумҳо бояд ду ҷиҳати онҳоро ба назар гирифт: мазмун ва ҳаҷм. Муносибати байни мафҳумҳо аз рўи мазмун ба муносибати байни гуфторҳо якхела аст. Фарз мекунем, ки мафҳумҳои зерин дода шуда бошанд: (1) xA(x); (2) xB(x) Мегўянд, ки мазмуни мафҳуми (1) назар ба мазмуни мафҳуми (2) зиёдтар аст, фақат ва фақат дар чунин ҳолат, ки агар A(x) B(x) буда, лекин B(x) A(x) набошад.
Мегўянд, ки мафҳумҳои (1) ва (2) аз рўи мазмун ба якдигар мусовӣ мебошанд, танҳо дар чунин ҳолат, ки агар A(x) B(x) ва B(x)A(x) бошад, ҳаҷми ин мафҳумҳо баробаранд. Масалан, «инсоне, ки агар донишҷў бошад, пас вай аълохон аст» ва «инсоне, ки донишҷў нест ё аълохон мебошад».
Мафҳумҳои (1) ва(2) аз рўи мазмун дар муносибати зиддият мешаванд, агар формулаи А(х) ва В(х) дар як вақт на ҳақ ва на дурўғ бошанд, яъне онҳо якҷояшаванда нестанд. Масалан, «донишҷуе, ки ҳамаи имтиҳонҳоро супоридааст» ва «донишҷўе, ки баъзе имтиҳонҳоро насупоридааст».
Муносибати мазкур дар байни мазмуни мантиқии мафҳумҳо муқаррар мешаванд. Муносибати байни мазмуни воқеии мафҳумҳо низ айнан ҳамин тавр собит мешавад. Аз рўи ҳаҷм мафҳумҳо ба мафҳумҳои якҷошаванда ва якчонашаванда тақсим мешаванд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо пурра ё қисман ба якдигар мувофиқ аст, мафҳумҳои якҷошаванда номида мешаванд.
Масалан, мафҳумҳои «донишҷў», «варзишгар», «ҳуқуқшинос», «муфаттиш»
ва ғайраҳо мафҳумҳои якҷошаванда мебошанд. Мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо ягон унсури умумӣ надоранд, мафҳумҳои якҷонашаванда ном доранд.
Масалан, «молик» ва «камбағал», «давлати капиталистӣ» ва «давлати сотсиалистӣ» ва ҳоказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё