Мантиқ

г) Агар судшаванда айбдор бошад, пас вай шарик дорад. Судшаванда айбдор мебошад, лекин ў шарик надошт.
8. Ҳукмҳои зеринро дар забони предикатҳо ифода намоед.
а) Ҳамаи иқтисодчиён мантиқро меомўзанд ва баъзе иқтисодчиён риёзиётро меомўзанд.
б) Ҳамаи донишҷўёни гурўҳи мо аълохонанд ва баъзеҳояшон забонҳои қадимро меомўзанд.
в) Баъзе донишҷуён баъзеи муаллимонро намешиносанд.
г) Баъзе рўзноманигорон баъзе иқтисодчиёнро назар ба баъзе ҳуқуқшиносон хубтар медонанд.
д) Ҳар гуна адади мусбат аз ҳар гуна адади манфӣ калон мебошад.
е) Шояд борон ва барф борад.
ж) Ягон узви оилаи Назаровҳо одамони ростгўй нестанд.
Машқҳо оид ба мавзўи «Мантиқи саволу ҷавоб»
Саволҳои зеринро таҳлил кунед.
- Кадоме аз дўстони шумо ин касро ранҷонид?
- Оё ту падаратро ҳоло ҳам лағаткўб мекунӣ?
- Мутаҳаррики абадӣ кай сохта мешавад?
- Оё мо метавонем меҳнати ҷамъиятиро ба самти лозимӣ равона карда тавонем?
- Шахсе, ки ҳангоми муоинаи нигоҳ доштани қатл ҳамчун ҷазои олӣ баромад мекард, аз ў пурсиданд: «Шахсан Шумо ҳозир барои амалӣ кунонидани ҳукми қатл омода ҳастед?»
- Оё секунҷаи АВС се кунҷ дорад?
- Агар ман рост ба шаҳри Н. равам, ман рост ба шаҳри Н. мебароям?
- Оё ту лағаткўб кардани завҷаатро бас кардӣ?
- Ки дар дунё аз ҳама хуб?
- Шоҳи ҳозираи Фаронса чандсола мебошад?
- Шумо барои ба халқ додани замин тарафдоред ё зид?
- Агар айбдоршавандаҳо гунаҳкор набошанд, пас барои чӣ онҳо адвокатҳоро аз хориҷа даъват кардаанд?
- Устоди дўстдоштаи шумо кист?
БОБИ V. ҚОНУНҲОИ АСОСИИ МАНТИҚИ ШАКЛӢ
Мафҳумҳои асосӣ: қонун, айният, зиддият, ғайризиддиятнок, истиснои солис, асоси кофӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё