Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Ҳар ки омад, дар дилу ҷонаш қаламхор,
Мекунад қисмат варо охир қаламкор,
Қисматаш созад қаламкори замона,
То кашад аз дил қаламхори замона.
Ҳар киро қисмат кунад пуштиқаламрав,
1986
Барои Бозор Собир
Бас варо дар умр авроқе қаламрав,
Мешавад ўро қалам обу қалам дон,
Ганҷу ганҷураш – қаламнойу қаламдон.
Ҳар касеро буда дар қисмат қаламчўб,
Мекунад қисмат варо охир қаламкўб,
Мекунад ўро қалам бад ё қалам хуб.
Резадаш ашки аламдорон ба реша,
Гиряд ў беш аз аламдорон ҳамеша,
Бошадаш ашки қалам борон ҳамеша.
Чун расид аввалқадам аз мом ғамхор,
Монадаш тақдир то фарҷом ғамхор.
Бин сиротулмустақимаш дар қаламчўб,
Чўби тобуташ шавад охир қаламчўб.
Офарида ҳар киро қисмат қаламбанд,
Офарад як умр бояд ў қалампанд,
Н-оварад як умр бояд ў қаламфанд.
Ҳар ки аз қисмат расида пандхўрда,
Зумрае ўро бихоҳад фандхўрда,
Яъне, ўро дар ҳама раҳ фанд созад,
Бехабар, к-ў фандҳоро панд созад.
Ҳар ки аз қисмат бадар омад қаламзан,
Ў қаламро мекунад як узв дар тан,
Мешавад ў бо қалам яъне чу ҳамтан.
Ҳар ки аз қисмат бадар омад қаламрон,
Дар раҳи қисмат варо ту бо қалам мон,
Кай канад дил аз қалам, гарчӣ канад ҷон,
Бо қалам ўе, ки дар худ меканад кон.
Як қалам донад фақат роҳи сиришташ,
Аз сари сахти қалам бин сарнавишташ.
Ҳар ки аз қисмат бурун шуд бо қаламной,
Бин ҷудояш аз қаламбози қаламхой,
Фарқ дорад аз қаламсозони одӣ,
Фарқ дорад аз қаламбозони бодӣ
Бо қалам, яъне, як ангушти зиёдӣ.
Гар қаламдаст орадат қисмат ба дунё,
Мешавӣ охир қаламдасту қалампо,
Менависӣ бо қалампоят раҳатро,
Бо қаламдаст – оҳи ҷони огаҳатро.
Ҳар ки аз қисмат расида бо қаламной,
Оқибат нойаш қалам гардад, қалам – ной,
Савти худро менавозад бо қаламной,
Яъне,
мегўяд замонро бо қалам «Ҳой!»
Аз азал ҳар кас намуда бо қалам хў,
Орад ў аз рўи олам бар қалам рў,
Баъд аз инаш зиндагии беқалам ку?
Баъд аз ин ўро саропо дар қалам ҷў!
Ҳар садояш – ҷону дилро ҳамсадое,
Байтҳояш – хонаи бебайтҳое,
Сатрҳояш – роҳҳои ошное.
Бехато хат мекашад ўи қаламкаш,
Бори қисмат мекашад ўи аламкаш.
Поёни китоби сурх
Ман чу мебинам, ки обу моҳии оби диёр
Аз ҳарисиҳои ман ҳар лаҳза камтар мешавад,
Моҳидони чашмҳоям мешавад аз нав пуроб,
Моҳиёни мардумаш аз нав шиновар мешавад.
Дар чарогоҳи баланде, ки замон номаш бувад,
Гўсфанди раҳм ақламро чарида безамон,
Гўсфанди раҳми ман ҳам баъд аз ин бечора аст,
Гурги бераҳмии ман онро дарида безамон.
То гули бахтам шукуфад чун гули рўбаҳ мудом,
Рўбаҳи макрам ҳамора дум ликонда ҳар куҷо.
Мурғбирён хурдаам, хушвақт аз рўзии хеш,
Мурғаки бахтам ҳамора ҷон фишонда ҳар куҷо.
Мўрро ҳам ман надидам дар ҷаҳон бо чашми кам,
Дони умрамро кашонад қудрати мўрам яқин.
Баски омад бешумар бар хонаам неши асо,
Бар дилу ҷоне халида неши занбўрам бубин.
Пеши ину он зи тарси ҷони худ дар ларзаам,
Оҳуи тарсам ба ҷону дил нуҳуфта аз азал.
Бахти ман кай мешавад бедор аз хобаш дигар,
Хирси хоболудиам дар сина хуфта аз азал.
Гар насозам сер ман оҳуи чашмамро, яқин
Монад аз оҳу фақат оҳуи тарси ман нишон,
Ҳирси худро гар насозам ман ғуломи хештан,
Монад аз хирси ҷаҳон як хоби хирси ман нишон.
Гурги бераҳме намеёбад зи чанги ман раҳо,
Гурги бераҳмӣ бимонад дар дилу ҷонам фақат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё