Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Беҳин дам он даме бошад – туро кобам, туро ёбам,
Беҳин дам он даме бошад – маро кобӣ, маро ёбӣ.
Ту бо сад тобу бетобӣ ба пешам норавон бошӣ,
Равон бошад вале дарё ба садҳо тобу бетобӣ.
Нагирам чашм аз чашмони обии туву Варзоб,
Кунам андўҳу ҳасратҳои дунёро ҳама обӣ.
Ту худ як бахти бедорӣ, шунав, дарё чи мегўяд:
«Бихобад норизо бахтат, агар имшаб ту мехобӣ!»
Бубин - ман ёфтам шўри диламро дар канори ту,
Ту, эй дарё, чи меҷўӣ, ту, эй дарё, чи мекобӣ?
Шавам обу адо варзида обатро, адоятро,
Аё варзида ишқи бехазон, эй ёри варзобӣ!
Бас муҷалло, ки рўди Варзоб аст,
Ҷорӣ анвори поки маҳтоб аст.
Мехазад рўи синаи соҳил,
Ташнаи бўсаҳои сероб аст.
Умрҳоест, рўду соҳилро
Хилвату розгўйии боб аст.
Мекунад мавҷ мавҷро дарёб,
Мешитобад, ки умр ноёб аст.
Чашма, чашмаш пуроб, рўзу шабон,
Чашм бар раҳгузори аҳбоб аст.
Кўҳ, сар дар сукути ҷовидон,
Гўш бар савту сози Варзоб аст.
Рўд пуршўру сина пуршўр аст,
Моҳ пуртобу сина бетоб аст.
Шукри ин дам, ки дар бари ин рўд
Бахти бедор дар барам хоб аст!
Ширин набуд умрам бе ҷилваи банозат,
Кўтоҳ буд дастам бе кокули дарозат.
Мерафт зиндагонӣ бе дасти ту зи дастам,
Гулмоҳии лабонат бинмуд гулпарастам.
Як рамзи зиштрўӣ мебуд қисмати ман,
Чашмат агар намедид зебо муҳаббати ман.
Бе рўи сап-сафедат рўзам сиёҳ мешуд,
Бе гунаҳои сурхат корам гуноҳ мешуд.
Дур аз ту синаам буд кошонаи хаёлат,
Чун бо манӣ ту ин дам, шукронаи висолат!
Шабе, ки бо ту будам
Шабе, ки бо ту будам, моҳтобӣ буд.
Мисоли кўдаки зарринамўи харсаворе моҳ
Ба тори абри шабгун шодмонӣ дошт.
Зи равзан гоҳ сўи мо назар мекард
Ва бо шўхию шаттоҳӣ
Фиканда сўи мову ман халачўби қаторашро,
Маро аз моҳии лабҳои гарми ту,
Туро аз шасти гирои лаби ман бохабар мекард.
Пас аз он,
Ҷамъ бинмуда халачўбони афзунаш,
Халачўбони рахшони пурафсунаш,
Панаҳ мекард рў пушти хари безини шабгунаш.
Ояд зи лаби вои ту овои муҳаббат,
Гар лаб накунӣ во ту даме, вои муҳаббат!
Гоҳе ки ба сад ноз ниҳӣ по ба раҳи шаҳр,
Нозад раҳи ин шаҳр таҳи пои муҳаббат.
Фардо бишавад дар лаби ту ваъдаи имрўз,
Эй кош расам зуд ба фардои муҳаббат.
Холист нигоҳам чу даме аз бару дўшат,
Холист маро дар дилу ҷон ҷои муҳаббат.
Ман ғарқаи обу арақам пеши ту доим,
Дигар натавон буд ба гармои муҳаббат.
Дар печу хами зулфи ту дармонд дили ман,
Фарёд зи печу хами дунёи муҳаббат!
Аз туву аз сарнавишт
Чун диламро пора кардӣ,
Порашеъре тар навиштам,
Шеъри ман шукронае буд
Аз туву аз сарнавиштам.
Хат ба хат ман тахт кардам
Роҳи тахте пеши поят,
Хат ба хат то хуш биояд
То ба гўши ман садоят.
Гар хитобам ёд овард
Аз қади сарви равонат,
Нуқтаҳоям хол буданд
Аз рухи поки ҷавонат.
Дод авроқи сафедам
Ёд аз рўи сафедат,
Дил ба ёди кокулонат
Бар сиёҳӣ кард одат…
Балки кай ман шеър гуфтам? -
Шеъри ман афсонаи туст,
Беҳтарин як мисраи ман
Роҳи сўи хонаи туст!
Ҳазли ҷиддӣ
Кош, эй дил, ҳамчу дандон будие,
Ҷонхалосӣ аз ту осон будие.
Гар набудӣ инчунин осонилоҷ,
Кош як осонбаро ҷон будие.
Як ваҷаб то гардану дурӣ чунин,
Кош он гардуни гардон будие.
Як замон меомад асрорат падид,
Беҳ будӣ, гар ҳамчу Кайвон будие.
Гар бадар оӣ, шавад дунё хароб,
То қиёмат беҳ ба зиндон будие.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё