Зеҳн
Низом Қосим. Аз ассалом то вассалом

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 235 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ишқи аввал – хатоии аввал Чун гуноҳе азим бо ман буд.
Рафт ў – рафт тоқату сабрам, Рафт ў – рафт зиндагӣ аз пас, Нигаҳам ҳамчу шохае бишкаст, Рехт ашкам чу меваи норас.
Шишта-шишта маро алам мекард, Дар дилам ин алам намегунҷид.
Танг мешуд дилам аз ин аҳвол, Дар дилам ҷуз дилам намегунҷид…
Балки ин ў набуд, ишқаш буд, Ки диламро намуд обу адо.
…Дар дилам ишқ кўҳи вазнин шуд, Аламу дарди ишқ – акси садо.
Чанд рўзаки бедоғ
Теғи ишқат чу кора бар дил кард, Аз ҳама кор дасту дил шустам, Аз маҳу меҳр сахт дил кандам, Бар ту, бемеҳр, сахт дил бастам.
Дили ман он замон ба синаи танг Нолиши мурғи дар қафас бинмуд, Ҳаваси ҳар чиро зи хотир бурд, Ҳамдамии туро ҳавас бинмуд.
Нигаҳи офтобиат чун кард Дилу ҷони маро навозишҳо, Сабз шуд дар замини гарми дилам Сабзаи орзўю хоҳишҳо.
Дар бару дўши ту парафшон шуд Мурғаки ишқу ормони дилам, Чашмҳои сиёҳи ту гаштанд Уфқ то уфқ осмони дилам…
Рафт он чанд рўзаки бедоғ, Дар дилам доғҳои ишқат монд, Баъд аз он акси ашколудам Низ дар чашми пурсиришкат монд.


Ҳамчу аз чашмаҳо зи чашми мо Роҳи дарёи ишқи мо сар шуд, Заврақи ишқи поки мо чи сабук Рўи дарёи дил шиновар шуд.
Ҳеҷ дар соҳилаш намегунҷид, Дошт дарёи дил талотумҳо, Заврақи ишқ пурхатар мерафт, Мо ба рўяш мисоли раҳгумҳо.
Гоҳ гирдоб гирд мегардонд, Гаҳ зи коми наҳанг биме буд, Гаҳ тунукоба пеш меомад, Аз басо неши санг биме буд.
Заврақи ишқ байни ду соҳил – Соҳили нозу соҳили афсўс, Баста гоҳеву раста гоҳи дигар, Мешитобид сўи уқёнус.
Фахр кардему нохудо хондем Хешро мо…
Худо зи мо ранҷид,
Пеш оварда санги худхоҳӣ, Охирин борамон Худо санҷид.
Зада бар санги «обрўи» мо, Заврақи ишқи мо бишуд пора, Зада бар санги «обрўи» мо, Дили мо бесадо бишуд пора.
Чун дар он шом…
Нури маҳ лаҳзае дурахшон шуд Ҳамчу ашке ба чашмҳои хумор.
Гуфтӣ аз дард: “Ҳар шабонгоҳе Хоб бинӣ маро, шавӣ бедор…
” З-ин сухан, чун зи бод бар дили шамъ, Бар дилам ларзаҳо фитод он шаб, Рўбарўят ба рўи барфи фузун Сўхтам балки, сўхтам аз таб…
Ҳар шабе баъди он шабат, эй ҷон, Дар як аҳвол хоб мебинам:
Чун дар он шом, талх хандида, Мекушӣ хобҳои ширинам.
Афсона
Аз барои видоъ ўву маро Сад далелу баҳона ботил буд, Чун ҷудоии моҳӣ аз дарё Ману ўро фироқ мушкил буд.
Ашк садди нигоҳамон мешуд, Ман варо дидаву намедидам, Зери борони ашк аз рухи ў Лолаҳо чидаву намечидам.
Нигаҳаш сард бар замин мерехт, Дидааш дошт ранги дарёӣ, Ашк аз дидааш бурун мешуд Ҳамчу моҳичаҳои тиллоӣ…
Талаби ўву ман гузашт аз ҳад, Ки зи мо ишқи пок рў гардонд.
Боз чизе, ки будамон то ҳол— Дили вайрону ашки дарё монд.
Қиссаи ту
Зиндагӣ ҳар қадар ки пандам дод Бо ғаму дарду ғуссаи ҷонкоҳ, Ҳифз кардам фақат яке пандаш, К-аз ҳама ғуссаҳои ин дунё Дар дилам ғуссаи ту мемонад.
Ҳам замоне, ки бе ту будам зор, Ҳам замоне, ки бо ту будам шод, Гуфта будам зи шавқи бепоён:
Қиссаҳо ҷумла мераванд аз ёд, Баъди ман қиссаи ту мемонад.
Рўи ҳар роҳ шом шуд субҳам, Рўи ҳар бистаре гузашт шабам, Бо лаби бўсабор донистам:
Меравад таъми он ҳама зи лабам, Таъми як бўсаи ту мемонад.
Дар дилу дар хаёли садрангам Шуд валангор хонаи зебо, Дар сари хони ормонҳоям Гушна тифлони орзўи мо, Рўи хон ҳиссаи ту мемонад…

пешина
аз 235
навбатӣ