МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
– Ин кор, он коре, ки ту пиндорӣ нест. Аз офариниш то имрӯз ҳар чӣ медонистам, бори дигар аз фикр гузаронидам.
Гӯё ҳама аз мағзи сару дилам гузашт ва таърих шуд. Лекин медонам, ки касе онро нанавишт. Медонӣ занак? Дунё соҳиб дорад. Номи ӯ Худо. Хонадон худо дорад. Номи ӯ кадхудо. Тан ҳам худо дорад. Номи ӯ худ. Тан боз чун гетӣ чизҳое дорад, ки беҳисоб. Масалан тан шоҳ дорад. Номи он Ақл. Тан хазина дорад. Номи вай Дил... Дар ин бора фикру хаёл накунӣ, намешавад. Яъне, Дунё ва ҳеҷ касу ҳеҷ чиз бесоҳиб нест! Ба рости ҳамин ман фикр мекунам. Хобам намебарад. Гӯё ман ин ҳамаро медонам. Аммо оқибат чӣ мешавад, намедонам.
– Ман медонам, мардак!
– Хӯш?!
– Ба наздикиҳо мо нобуд намешавем...
22.04.07.
МАҲМУДБЕК
– Ҳа Сироҷиддин! Ин қадар шитоб дорӣ? Шаҳри Нав меравӣ? – Аз Шаҳри Нав қимоб будани Сироҷи мизоҷро дониста шӯхиомез пурсид шаҳрдор мошинро боздоронда.
– Астағфируллоҳ! Салом райис! Хушдоманам бандагӣ кардаст. Оби Гарм рафтанӣ...
– Худо раҳматаш кунад!
Маҳмудбек бору бӯғчааш дар мошин чизе нагуфта сӯйи ронанда нигарист. Ронанда китфон дарҳам кашид. Райис баргашта аз Сироҷ пурсид:
– То Оби Гарм чандсоъата роҳ?
– Тахмин, дар пеши мошин яксоъата роҳ.
– Рафт як, омад як... Дусоъата роҳ будааст... Сувор шав!
(Ба ронанда рӯ оварда) Бачам ҷомадонҳо дар мошин меистанд, ман назди идора мефуроям. Дав-катӣ Сироҷа бурда ба ҷаноза мерасонӣ. Ҳамин ки омадӣ, роҳи Исфараро пеш мегирем. Истироҳат намегурезад...
Сироҷ тамоми роҳ дар борайи Маҳмудбек фикру андеша меронд ва хаёл мекард, ки ҳоло ҳам чунин касон будаанд.
Лаҳза ба лаҳза сӯйи ронанда гӯшайи чашм меандохт ва мехост пурсад: «Райис чӣ хелин одам?» аммо пурсида наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё