МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
Гург: Нафаҳмидӣ. Бузичаро озод бикун. Ҳар куҷо равӣ, аз дунболат равад. Туро озодибахши хеш хонад.
Саг: Натавонам.
Гург: Аҷаб гӯле ҳастӣ. Чун озодибахш ном мебарорӣ.
Саг: Ту низ аҷаб гӯле будайӣ. Бӯйи ту ба тани ман нишаст.
Пеши бузича равам, бӯйи ту шунавад ва ҷаҳаду фарёд занад.
Соҳиб барояд. Ва маро гург пиндошта андозад.
Гург: Аҷаб беқлу нодон будайӣ. Бузу гӯсфанд бӯйи гург шунавад, ҳаловат бурда худаш пеш ояд.
Саг: Аҷаб. Аз мани хонагӣ мегурезаду?
Гург: Чунки ту ӯро бад мебинӣ. Гумон дорӣ, ки ӯ набошад, рӯзиат зиёдтар мешавад. Ношукрӣ накун. Як лингаш ба ту мерасад.
Саг: Нимаш.
Гург: Бошад.
Саг: Ҳамааш!
Гург: Бошад!
Саг: Чӣ кор кунам, ки...
Гург: То ин ҷо биёр. Ман кушта, медиҳамат.
Саг: Ман якбора ин қадар гӯштро хӯрда наметавонам.
Гург: Ман ёрӣ медиҳам.
Саг: Чӣ ӣ ӣ?
Гург: Чун сер шудӣ, мондаашро зери хок мекунӣ. Ҳарвақт, ки...
Саг: Не! Ман ҳаққи хиёнат кардан надорам. Соҳибам маро «Вафодор» мегӯяд. Хубаш бузичаро кушанд... устухонаш маро кифоя мекунад.
Чун Гург қайсариву вафодорийи Сагро донист, замоне орому хомӯш монд ва рӯбоҳ шуд: тани хешро кашида борик шуд. Гӯш хамонд. Дум миёни пой кашид. «Раҳм бикун; бачаҳоям аз гушнагӣ мемуранд...» Қомати Вафодор боло шуд.
Гӯшҳояш чур гашт. Думаш низ қарқара шуд. Сари сина дамонда пой пеш гузошт. Бӯйи зиндагӣ ба димоғаш зад. Гург пай бурд ҳолати ӯро ва ба замин парчин гашта ғел зад. Яқин медонист, ки Саг дар чунин ҳолат аз гулӯяш намегирад, балки наздик омада мебӯяд. Саг тори сари ӯ омад. Ангехта буд; ҳама рагу паяш таранг, қоматаш боло, гӯшҳояш сиху чашмонаш ҳушёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё