МАҒЗРЕЗА

«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 344 саҳифа
ГОВИ ПОРАГӢ
Модгови зард чун ба дарвозайи соҳиб наздик омад, бонг мезад. Магар хабар медод, ки аз пода баргаштааст. Гӯсолайи ба рангу хӯ монанд ба ӯ суруди ноз мехонд ва дум меликонд кӯдакона; ба соҳиби мол ҳам хуш меомаду ба оча ҳам. Ҳамин ки зери пойи оча даромада, дум қарқара карда, бо тамоми нерӯ фӯку шатта зада, шири очаро меовард, даҳонаш кафк мекард. Дареғ, ки чанде боз шодкомиву нозгунҷӣ нест ва модгови зард очавор бонгу нола мезанаду посухе нест... Дар як рӯзи офтобӣ, ки гӯсола сайри боғ дошт, сели ногаҳонӣ омаду бурдаш. Васаке нишона монд аз ӯ; пӯсти хушконида ба дарунаш коҳҷойкарда. Чун пешаш гузоранд, бӯй мекашаду бӯйи коҳ мешунавад, олуғда гашта наъра мезанад, ки ба садойи най, баъзан ба садои труба ва гоҳе ба овози хиррийи зиёд гиристайи модари ноком монанд мегардад. Сонӣ чун ошиқи нокому ранҷур бесарӣ карда шох задан мехоҳад дӯшандаро. Чун сару шох баста ба мех мебинад, лагад меандозад. Садойи сатил ё соғу мебарояд ва дуъову садойи дӯшанда:
«Дилат гум зада мур, ман накуштаам, ки лагад занӣ! Аз худо дон!»
Чанд рӯз нагузошт дӯшидан. Синааш дамида, аз чашми дораҳо шир мечакид. Ба пода ҳам намерафт. Бонг зада деҳаро ба сар кашида, рост омада дарвозайи бастаро шох мезад ва тела медод. Соҳиба рӯйи васак намак пошид. Гов муросо накард. Дар корсон кунҷораву сабӯсу себҳойи рехтаро тарид кард. Гов пора пиндошт. Чун шаборӯз гушна буд, тез хӯрд. Ӯ зуд-зуд дора кашид. Ҳанӯз дӯшида нашуда порагӣ хӯрда тамом кард ва лагад зад. Чун соғу миёни зонуҳо дошта медӯшид, баробари ба дунба нишастани занак, париду шир рехт. Пора зиёд карданд. Гов ё ба тақдир тан дод ва ё зӯри беҳудаашро пай бурд, ки ором шуд. Лек ҳар кас, ки аз наздаш мегузашт, сӯяш нигариста «ҳум-ҳум» мекард. Дар дили шаб бонги талху тунд мезад. Соҳиб намедонист, ки аз фироқи бача нола дорад ва ё дар ғами пора бонг мезанад?
Танҳо он гоҳ пай бурд оҳу нолайи говро, ки гоҳи васакро лесидан аз чашмаш сиришк мерехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё