Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барои аспҳоро зин кардан фурсат набуд, амалдор ва одамони ӯ аспҳои безину абзолро савор шуда рӯ ба гурез ниҳоданд. Вақти гурезогурез саллаи амалдор ба тоқи дарвоза дармонда аз сараш парид, вай сарбараҳна фирор кард. Зину абзолҳо дар буни девор, тӯрбаҳо дар замину соботу сари охурҳо паҳну парешон монданд, ҷавҳо рехта ба саргину пору омехтанд.
Ягона касе, ки дар даҳани кӯча бепарво истода он ҳама такопӯ ва гурезо–гурезро тамошо мекарду завқкунон механдид, Восеъ буд.
Андозчинҳо аз деҳа бадар рафта буданд, ки аз ҷониби дигар чор савор, – ҳамон савороне, ки садои суми аспҳошон мардумро ба изтироб ва қаротегиниҳоро ба тарсу ҳарос андохта буд, ба деҳа дохил шуданд. Инҳо ҷӯраҳои Восеъ – подабону чӯпонҳои деҳа буданд. Дар вақти кашмакаши амалдор бо аҳолӣ дар саҳни ҳавлии арбоб ин ҷавонон дар дара подаву рамаи худро мечарониданд; Восеъ дар он дам номаълумак баромада ба пеши онҳо рафта буд ва бо таълими ӯ ҷӯраҳояш саворӣ намуда ба болои деҳа тохта буданд.
Восеъ аз ҷӯраҳояш пештар ба деҳа омада, онҳоро саворони Раҷаб мерган гуфта андозчинҳоро тарсонида буд.
Раҷаб мерган он вақтҳо дар кӯҳистони Кӯлобу Дарвозу Қаротегин даҳшати боёну амалдорон гардида буд. Ӯ аслан як нафар шикорчии камбағале буда, боре дар вақти андозчинии мири Балҷувон дар деҳаи худаш – Яб андозчини бемурувватро кушта, гуреза шуда сар ба кӯҳу дараҳои ниҳон гирифта буд. Дар он ҷоҳо ӯ монанди худаш гурезаву ёғиҳоро гирд оварда дастае сохта, дуздӣ ва роҳзаниро пешаи худ карда буд.
Норинҷиён дар аввали кор ҳилаи Восеъ ва рафиқони ӯро писандиданд, қоил шуданд, завқ карданд, аммо баъд ба хавотир афтоданд: амалдори қаротегинӣ ба гурехтан– ку гурехт, аммо роҳи бозгашти ӯ баста нест. Ӯ боз меояд.

пешина
аз 471
навбатӣ