АХТАРОНИ АДАБ

Ризо дар ҳавлии берун мезист, ҷойи хобаш меҳмонхона буд.
Аноргул ба писархондии ӯ бо душворӣ одат мекард, ӯро қати аҳли хонаводааш ба сари дастархон намешинонд, балки хӯроки ӯро Ҳасан бароварда медод, зеро Аноргул аз Гулъизор андеша мекард ва мегуфт: ба хонае, ки духтари қадрас ҳаст, даро–баро кардани як ҷавони бегона (Ризо ба гуфти худаш ҳаждаҳсола буд) муносиб нест. Восеъ бошад мегуфт: Ризо писархонди мост, пас ӯ ва Гулъизор мисли бародару хоҳаранд, бояд ки дуяшон ҳам ба ин одат кунанд,
– ӯ ин фикри худро ба ҷавон ва духтараш ҳам талқин менамуд, аммо бо вуҷуди ин вай лозим надонист дар бобати ҷойи хуфту хоб ва ҷудогона хӯрок хӯрдани Ризо ба раъйи занаш муқобил барояд. Аммо ӯ аксар вақт таомро дар ҳавлии берун бо ҳамроҳии Ризо мехӯрд.
Ризои чаққону чобук дастёриро аз хости соҳибхонаҳо ҳам зиёдтар баҷо меовард: ба асп бо майли тамом нигоҳубин мекард, аз обу ҳезуми хона бо саъю кӯшиш хабардорӣ менамуд ва инчунин дар боғ ҳам кор мекард.
Ҳамсояҳо Восеъро аз ваҷҳи Ризо мазаммат мекарданд:
ту одами боандеша будӣ–ку, чаро он адирии шум ва дуздро ба хонаат гирифтӣ? Баъзеҳо ҳикмати машҳури шарқиро оварда мегуфтанд: магар нашунидаӣ, ки «оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад»? Ҳоло нигоҳ карда ист, ғӯли адирӣ туро боб мекунад: аспат ё чизи дигаратро дуздида ғоиб мешавад; ту аз кардаат пушаймон мешавӣ, аммо дар он вақт пушаймонӣ суд надорад. Вақте Восеъ ба онҳо мегуфт, ки Ризо бачаи қобил, гапдаро, корбудкун аст, хандида ҷавоб медоданд, ки инҳо ҳама ҳилаю найранг аст, – ӯ мехоҳад худашро ба ту хуш карда дар ғафлатат мононад. Ҳамин гуна гапҳоро Аноргул ҳам аз ҳамсоязанҳо мешунид. Мешуниду омада ба Восеъ мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё