Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ӯ ду даст ба пушт карда оҳиста–оҳиста қадам партофта мерафт. Баъди як дам ба адир – ҷойи ғаллакории камолиён расид, он ҷо дар болои адир як бех садаи калон ва дар таги сада нимвайрона ва барфу бороншуста, ба замин чӯкида хоначае буд, ки ҷуфтгарон, даравгарон ё чӯпонҳо ба вай аз борону жола паноҳ мебурданд. Аз сӯрохҳои бому девори хонача дуди нафисе мебаромад. Ин чӣ дудест, магар чӯпонҳо дар ин вайрона алов карда кӯмоч ё дунбулбирён пухта истода бошанд? – фикр кард Восеъ ва аз дари фарсудаи нимроғи хонача ба дарун назар андохт.

Дид, ки воқеан ҳам дар он ҷо марди нимбараҳнае почакӣ сохта алов карда чизеро дар аланга тоб дода нишастааст.
Восеъ дурусттар нигоҳ карда Ризоро шинохт.
– Ризо, ин туӣ? – ӯ дарро боз карда даромад.
Ҷавон як қабза сараки гандуми сабзро дунбулбирён мекард. Сару тани ҷиғда–ҷиғдааш, поҳояш олудаи хоку хокистар, дастҳояш сиёҳ буданд.
– Биё, акаи Восеъ, дунбулбирён бихӯр, – таоруф кард Ризо, мисли ин ки аз пайдоиши «меҳмони» ногаҳонӣ хурсанд шуда бошад.
– Боз гандуми киро дуздидӣ? – хандида гуфт «меҳмон».
– Соҳибаш дониста монад, туро мекушад. Охир, ин кишти Сангалӣ–ку. Ин дафъа туро аз шаттаю шаллоқи ӯ кӣ халос мекунад?
– Ман аз шаттаву шаллоқ наметарсам, – гуфт Ризо.
– Охир, гандуми дунбули мардумро кандан, дуздидан хуб нест.
– Дуздӣ нест, акаи Восеъ, баҳор ман худам ҷуфти Сангалиро ронда ҳамин заминашро шудгор карда дода будам.
Дар ин гандум ҳаққи ман ҳам ҳаст. Бишин, акаи Восеъ.
2
– Саракҳоро таҳловӣ кунӣ, бомазатар мешуд, – рӯйи пахол нишаста гуфт Восеъ.

Таҳловӣ – яъне тагиаловӣ, дар хокистари гарм пухтан.

пешина
аз 471
навбатӣ