АХТАРОНИ АДАБ

«Бай–бай, ҳурлиқо–ку! Ҳақиқатан зочабоз! Ёдат бахайр, Қорӣ!» гуфт ва пас дарро оҳиста пӯшида ақиб гашта аз ҳавлӣ бадар рафт.
Ӯ табассуми хушнудиро дар ришу бурути сиёҳи худ пинҳон карда ба саломхона баргашт.
Яхшибек мунтазири ӯ буд, дарҳол пурсид:
– Читӯ, тақсир?
– Аҷоиб! – ҷавоб дод Аҳадхон ва ба ҷойи худ гузашта нишаст.
– Ба Қорӣ чӣ амал медиҳед, тақсир? – боз савол дод удайчӣ.
– Ярлиғи қаровулбегӣ диҳем магар? Ё ишик– оғобошигӣ? – гуфт амир.
– Ярлиғи мирохӯрӣ диҳеду монед, – маслиҳат дод удайчӣ. – Аз ҷаноби олӣ чӣ рафт? Акнун ба як ҳисоб, Қориро падарарӯси шумо гӯем ҳам мешавад.
– Падарарӯс не, падарканиз, – хандид амир.
– Хайр падарканиз бошад, – розӣ шуд Яхшибек. – Худораҳматӣ қиблагоҳатон вайро бегуноҳ аз амалаш бекор карда буданд, акнун шумо ба вай як меҳрубонӣ кунед меарзад.
Аз ин навъ далолати удайчӣ ба нафъи Мирзоакрамбой дар дили амир шубҳае пайдо шуд. Ӯ рост ба чашми удайчӣ нигоҳ карда истода пурсид:
– Ту аз вай ришва гирифтӣ, кали айёр? Росташро гӯй!
Яхшибек мунтазири ин пурсиш набуд, ногаҳон ба даст афтидани худро ҳис кард. Пинҳон кардан хавфнок буд, зеро амир аздусар ҳақиқатро ошкор карда метавонист.
– Рост, як чиз ваъда кард, – рӯяшро ба як сӯ гардонда гуфт дарбории ришватхор. – Ман тамаъ накарда будам, худаш ваъда кард.
– Чанд?
– Казоӣ не, тақсир.
– Чанд? – такрор кард амир бо овози баландтар.
– Ишик–оғо–бошигӣ сад тилло, мирохӯрӣ саду панҷоҳ тилло, – маҷбур шуда росташро гуфт удайчӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ