Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Дабир: Ин чорбоғ хуш аст, вале ғазоле надорад.
Амир Исмоил: Дар воқеъ чорбоғи хуш аст. Чаро деҳқонон хомӯш буданд.
Дабир: Чӣ ҳам мегуфтанд? Ба гуноҳони худ иқрор буданд.
Амир Исмоил: Ин рафтор ба ман маъқул нест (андешамандона). Ғафлат давлатро бибарад...
Дабир: Дуруст аст. Ғафлати амир ва хиёнати вазир подшоҳӣ бибарад.
Амир Исмоил: Ба ҳар деҳе мо бояд одами худро дошта бошем.
Дабир: Ва ё омилони хешро бигзорем...
Амир Исмоил: Ҳанӯз барвақт аст... Бар мо хоҳанд шӯрид. Мо омадаем, ки дод кунем... Ман умедвор будам, ки Абуабдулло бинни Абилҳафс ахбори гузаштагонро дар қазияи Юсуф ба ҳозирон мегӯяд, вале ӯ ҳам хомӯш буд.
Дабир: Қиссаи марги Юсуф?
Амир Исмоил: Бале. Вақте Юсуф алайҳиссалом аз олам гузашт, хостанд ӯро ба наздики Иброҳими Халилуллоҳ ба хок супоранд. Ҷабраил омаду гуфт: “Ӯро ҳамин ҷой бидоред, ки он ҷои ӯ нест, ӯро ҷавоби мулке бояд додан ба қиёмат”. Чун ҳоли Юсуфи пайғамбар чунин бувад, вой бар мо!
Амир Исмоил бо Дабир ба интиҳои боғ нарасида бармегарданд. Ҳоҷиб бо Абилҳафс вориди қаср мешаванд.
Шабистони амир
Абилҳафс бо Ҳоҷиб вориди шабистон мешаванд. Шаҳбону паси парда нишастааст. Ҳоҷиб ба сӯйи парда таъзим карда баромада меравад.
Абулҳафс: Дуруд ба Шаҳбону.
Шаҳбону: Узр мехоҳам, ки фақеҳи бузургро аз мутолиоташон канда кардам.
Абулҳафс: Гӯш ба фармонам. Шаҳбону мушкилоте доштанд?
Шаҳбону: Дишаб амир маро ба ташвиш оварданд, ва маҷбур шудам бо шумо дар ин бора маслиҳат кунам. Вале хоҳиш мекардам, сухан аз ин ҷо бадар наравад.
Абилҳафс: Итоат, гӯш ба фармонам, бифармоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё