Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарбоз: Заврақҳо аз барои аъробанд. Шумо худхотон бояд гузаред.

Озодмардон эътироз мекунанд. Сарбоз ба назди Зайёд меравад.

Сарбоз: Онҳо шино карда наметавонанд.

Зайёд: Ёд мегиранд. Ба онҳо бифаҳмонед, ки дигар бояд ба сахтиҳо одат кунанд. Зуд бошед.

Сарбоз бармегардад ва асиронро маҷбур бо зарбаи шаллок ба рӯдхона мепартояд. Якеро об мебарад ва дигаре ғарқ мешавад ва иддаи ками гаравгон ба соҳил мебарояд. Сарбоз боз ба назди Зайёд меояд.

Сарбоз: Агар ба ин минвол амал кунем, аз онҳо касе боқӣ намемонад.

Зайёд: Онҳоро ба ресмоне аз паси заврақҳо бибандед ва он соҳил кашед. (Худ ба худ). “Онҳо барои ба биҳишт табдил додани саҳроҳои араб зинда лозиманд”. Ҳой Салм, беҳтар аст онҳоро бо заврақҳо бигзаронед, то ғарқ нашаванд. Зуд бошед!

Аъроб ба минволи пештара амал менамоянд, аз асирон либосҳояшонро бадар мекунанд. Асирон эътироз мекунанд. Марди баландболову тануманде аз миёни асирон ҷудо шуда назди сарбоз меояд.

Марди бухорӣ: Модом, ки бо заврақҳо мегузаронед, либос кашидан барои чист?

Аъробӣ: Барои он, ки агар заврақ чапа шавад, либосат ҳадар наравад (меҳандад).

Марди бухорӣ: Мо асир нестем, ки чунин рафтор намоед.

Аъробӣ: Мо ба Арабистон наҷибзодагонро мебарем (меҳандад). Зуд бош, либосатро бадар кун!

Дигарон низ эътироз мекунанд. Аъробӣ бо тозиёна бар сари марди бухорӣ мезанад. Ӯ ба аъробӣ ҳуҷум меоварад ва сарбозони араб ӯро аз по дар меоваранд. Мағал мехезад. Зайёд ба соҳил назди ишон меояд.

Зайёд: Чӣ гап? Ин чӣ мағал аст?!

Аъробӣ: Ҷаноби олӣ (бо тамасхур) мефармоянд, ки ишон асир нестанд ва чунин рафтор дар ҳаққашон шоиста нест.

Зайёд: Ишон дуруст мегӯянд. Онҳо асир нестанд, балки ғаниматанд (Аъроб меҳанданд). Ғанимати ҷиҳод! Ин сагро зинда ба зинда ғарқ кунед, бошад, ки моҳиҳои худованд рӯзии хеш ёбанд.

пешина
аз 675
навбатӣ