Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил ба сӯйи Хоҷа Абилҳафс лабханд мезанад ва қофила боз ба роҳ мебарояд. Ҳамчунон аз ҳар тараф садои дафу сурнай ва “шодбоду зинда бод”-ҳо баланд аст. Мардум ҳамчунон то даромадгоҳи қасри шоҳӣ бар амири худ зар нисор мекарданд.
Хайли Амир Исмоил дар назди қаср аз аспҳо пиёда мешаванд ва ғуломон аспонро ба истабл мебаранд. Онҳо вориди қаср мешаванд.
Абузакриё Яҳё: Аз ин гуна истиқболи мардум аз амирашон кас шод мешавад. Бухоро пазмони амири хеш шудааст.
Амир Исмоил: Не. Бухоро пазмони осоишу оромиш шудааст.
Абузакриё Яҳё: Номи амир Исмоил рамзи осоишу оромиши кишвар шудааст.
Амир Исмоил аз роҳ рафтан боз меистад ва бо тааҷҷуб ба бародараш хира мешавад.
Амир Исмоил: То фардо омилони Баркаду Ромитанро ҳозир кунед, бо куззоташон. (худ ба худ) Дигар ҳар дузду айёре даъвогари тоҷу тахт шудааст. (ба ҳама) Дар ин кишвар ҳар касе бояд мақому мартабаи хешро шиносад. (Ба Абузакриё) Дар бораи вазъи кишвар маълумот тайёр кунед. (Ба Ҳусайн бинни Аъло) Лашкар дар чӣ вазъ аст? Чаро қодир ба таъмини осоиши мардуми кишвар нест? Вазъи сарҳадоти мамлакат чун аст?
Абилҳафс: Амирам барои бозрасӣ ба ин масоил фардо фурсат меёбанд. Ҳоло хуб мебуд, агар амирам ғубори роҳ меафшонданд.
Амир Исмоил: Магар бо чунин вазъе мешавад фарогат кард?!. (Лаҳзае ҳама ҷоро оромии мудҳише фаро мепечад. Амир Исмоил пасу пеш қадам мезанад ва боз сухан мекунад). Таҳқиқ кунед, ки оё омилони мо бо ин дуздон ҳамдаст ҳастанд ё не? Бовар намекунам, ки онҳо бе муттакое ба чунин амале ҷуръат кунанд! (Ба Ҳусайн бинни Аъло). Онҳо бояд ин ҷо ҳам аз пуштибоне бархурдор бошанд. Бинобар иттилооти расида онҳо қасди Бухоро ҳам доранд.
Абузакриё: Вазъ чунон аст, ки наметавонем ба Ромитану Баркад расул бифиристем. Онҳо бар авзоъ мусаллат мебошанд.
Амир Исмоил: Пас чиро интизор будед? Оё таҳқиқ кардед, ки сабаби ин исёну шӯридагӣ чист? Бояд сабабе бо-
68

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё