Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале идораи умури давлатро ба касе аз шумоён мегузорам, ки ба донишу тадбир, кордониву лашкарддорӣ, адлу дод бузургтар аст. Ин суннат аз ниёгони қадим ба мо мерос мондааст. Балки ахлоқи мо шудааст, ки тибқи ин қонуни нонавишта амал кунем. Ин суннат хулқу хӯйи мардуми мо шудааст, ки аз худ ба донишу рой бузургтаронро муқаддам мешуморанд. Тартибе иттиҳоз кунед, ки мувофиқи қавонин одоти қадима ва ахлоқи мо бошад. Бинобар ин суннат мо идораи умури давлати Варорудро бо хости Худованди мутаол ба Абоиброҳим Исмоил вомегузорем. Агарчанд ӯ ба сол аз баъзеи шумоён бузург нест, вале ба тадбиру дониш, салоҳияту силоҳшӯрӣ бузургтар аст. Ба ту эй Абулашъас Асад, ба мисли пештара Фарғонаро мегузорам. Ба ту, эй Абуюсуф Яъқуб вилояти Чочу Исфиҷобро медиҳам. Ба ту, эй Абдуғаним Ҳамид Чағониён кифоят мекунад. Ба ту фарзандам Аҳмад мулки Самарқанду Суғдро мегузорам. Бо ин атоё саодати бе ғаму гаше барои ҳар кадоме аз шумоён таъмин мекунам ва хаёл намекунам, ки шумоён аз саодати башарӣ чизе кам дошта бошед, зеро он чӣ ки барои хушбахтии як инсон лозим аст, шумо онро доро хоҳед буд. Дӯст доштани чизҳое, ки иҷроияш мушкил аст, гуссаи ҳазорон кор хӯрдан, фоқиди як лаҳза фароғат будан, шаҳват ва рақобат кардан бо корҳое, ки ман бунёд гузоштаам, дом густурдан ва ба дом уфтодани инҳо сарнавишти касест, ки бояд мамлакатро идора кунад, на толеи шумоён. Ва бидонед, ки ин чизҳо дар роҳи хушбахтӣ монеаест бузург. Аммо ту, эй Абоиброҳим фаромӯш макун, ки ҳифзи салтанат бо доштани асои салтанат сохта нест, балки мутмаинтару ҳақиқитарин ҳофизини он дӯстони вафодоранд. Таҳсили ин навъ дӯстон ба зӯр муяссар нашавад, зеро вафо самараи некӣ аст. Агар ту бихоҳӣ, ки ёроне барои салтанат дошта бошӣ, аввал ашхосеро интихоб кун, ки аз хонаводаи худат ҳастанд. Ҳамшаҳриҳои мо ба мо аз хориҷиҳо наздиктаринанд. Касоне, ки бо мо ҳамсафаранд, аз ашхосе, ки дар хонаи дигар саканӣ доранд, бо мо наздиктаринанд. Ба ин тариқ, оё мумкин аст ашхосе, ки бо мо аз як хунанд, як модар онҳоро шир дода, дар як хона парвариш ёфтаанд, ҳамон падару модар онҳоро азиз доштаанд ва онҳо ҳамон ашхосро падару модар мехонанд, ба риштаҳои маҳкам бо якдигар марбут набузанд? Ин риштаҳои муҳаббатро, ки он қадар гуворост ва Худованд ба василаи он меҳру муҳаббати ба-

151

пешина
аз 675
навбатӣ