Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳароина мавҷудияти якчанд тарҷумаи як асар имкон медиҳад, ки муодили ба асл наздик интихоб шавад. Маъмулан тарҷумаҳое, ки дар онҳо таҷрибаи мутарҷимони пешин ба инобат гирифта мешавад, беҳтар анҷом меёбанд, вале ин қавл на ҳамеша саҳеҳ аст, зеро кори тарҷума ба ҳунари шоирии мутарҷимон ва идроки табиати шеъри форсӣ низ иртибот дорад. Ба назари мо, дар тарҷумаи И. Селвинский бо вуҷуди баъзе норасоиҳо табиати ғазали тоҷикӣ ва асолати он саҳеҳтар риоя шудааст.
Соли 2008

ШИНОХТИ АБЎРАЙҲОНИ БЕРУНӢ
ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳаким ва файласуфи номвар Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ, маъруф ба Абўрайҳони Берунӣ (973, ш. Коти Хоразм – 1048, Fазна) мутафаккири маъруфи Машриқзамин буда, аз пешоҳангони таърихи афкори фалсафии форсу тоҷик ба шумор меояд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо ў муаллифи тақрибан 180 асар мебошад, ки 40 номгўйи он аз ҳаводиси замон маҳфуз монда ва имрўз дар китобхонаҳои бузурги ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад.
Аз ҷумла, дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон яке аз нусхаҳои қадимтарини «ат-Тафҳим ли авоили саноат-ут-танҷим» таҳти шумораи 385 нигоҳдорӣ мешавад. Ин нусхаи дурушти қадимии ҳиндӣ мансуб ба нимаи дувуми асри VIII-аввали асри ІХ ҳиҷрӣ буда, аз 143 варақ иборат аст ва бо гузашти замон хеле осеб дидааст.
Хидмати Берунӣ дар рушди тамаддуни башарӣ дар таҳқиқоти олимони Шарқу Fарб солиёни охир ҳарчи бештар аён мешавад, аммо дар замони худ низ ў шахсияти хеле машҳур буд. Дар ин бора гуфтаҳои Абулфазли Байҳақӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Низомии Арўзии Самарқандӣ ва дигарон гувоҳӣ медиҳанд. Дар нимаи дувуми садаи ХІХ баъди ба эҳтимоми Э. Захау интишор ёфтани «Осор-ул-боқия» таваҷҷўҳ ба осори Берунӣ дар Fарб низ афзуд ва дар солҳои 30-50-уми асри ХХ шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербурги Иттиҳоди Шўравӣ ба маркази Берунишиносии ҷаҳон табдил ёфтанд.

пешина
аз 500
навбатӣ