Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Солик ё талабаи ирфонро шоиста аст, ки ин роҳро дар паноҳи пире роҳшинос (шайх) сипарӣ кунад (сулук). Чароғи ин роҳ ишқ аст, на ақл. Роҳи хатир ва пур аз раҳзан (ҳавос, тааллуқоти дунявӣ, шаҳват…) аст» (22, с. 207).
Дар сатҳи адабӣ.
- Барои гуфтани шеъри ирфонӣ қолабҳои шеърии маснавӣ, ғазал ва рубоӣ бештар коргар омад. Ҳарчанд ки маснавӣ аз анвои пуркорбурди шеъри форсӣ буд, лекин барои ифодаи матолиби ирфонӣ хеле мувофиқ афтод. Маснавиҳои Саноӣ, Аттор ва Мавлавӣ аз бузургтарин асарҳои адабиёти форсӣ ҳастанд, ки дар онҳо тавассути ҳикоёти тамсилӣ ақидаҳои аҳли тасаввуф баён шудаанд.
Ғазалиёти ирфонӣ аз Саноӣ шурўъ шуда, бо шўру шари махсус имтиёз дорад. Дар миёни ғазалиёти ирфонӣ ғазалиёти риндона ва қаландарона ҷойгоҳи шоиста доранд.
Масалан, порае аз ғазали қаландаронаи Саноӣ:
Қибла чун майхона кардам, порсоӣ чун кунам, Ишқ бар ман подшо шуд, подшоӣ чун кунам.
Каъбаи ёрам харобот аст эҳромаш қимар, Ман ҳамон мазҳаб гирифтам, порсоӣ чун кунам. - Дар шеъри ирфонӣ истифодаи авзони даврӣ, ки оҳанги марғуби самоиро тавлид мекунад, зиёд аст. Хусусан, авзони мафъўлу фоилотун мафъўлу фоилотун; муфтаилун мафоилун муфтаилун мафоилун; муфтаилун муфтаилун муфтаилун муфтаилун: фоилотун фоилотун фоилотун фоилотун. Гоҳе шоирони ориф ин авзонро худашон дар шеър таъкид кардаанд. Чунончи, Мавлавӣ гўяд:
Растам аз ин байту ғазал, эй шаҳу султони азал Муфтаилун, муфтаилун, муфтаилун кушт маро.
Ё дар ғазали дигаре гуфта:
Шеъраш аз сар баркашему ҳурро дар бар кашем Фоилотун фоилотун фоилотун фоилотун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё