Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз даҳр кас надид, бад-ин сон ҷафо, ки ман, Ҳар дам ба доми ранҷу бало мубтало, ки ман (17,91).
Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ дар идомаи суннати тазкиранигорӣ зимни овардани намуна аз эҷодиёти шоиру нависандагон ҳар як порчаи шеъриро аз лиҳози мансубият ба анвои жанри адабӣ ба тариқи «ва лаҳу айзан фил қасида», «ва лаҳу айзан фӣ ғазал», «ва лаҳу айзан фил қитъа», «айзан ва лаҳу тавашшуҳ», «ва лаҳу айзан фӣ тазмин», «ва лаҳу айзан фӣ латифа» ва ғайра муайян намудааст.
Ҳамчунин дар тазкираи Шаръӣ интихоби ашъори суханварон назар ба тазкираҳои дигари ҳамаҳд имтиёз дорад. Мавсуф ашъори аз лиҳози мазмуну мўҳтаво баланду арзишмандро дар тазкира овардааст, ки ин тарзи нигориш қимати асари ўро ҳамчун сарчашмаи муҳими адабӣ меафзояд.
Ҳамин тавр, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ аз муҳимтарин тазкираҳои асрҳои ХІХ-ХХ ба шумор рафта, дар равшан сохтани баъзе ҷузъиёти зиндагӣ, шахсият, сабки нигориш ва ҳунари шоирии 10 тан аз суханварони маъруфи Фароруд нақши муассир дорад. Ба василаи омўзиши тазкираи мазкур имкон дорад, ки баъзе лаҳазоти мубҳам ва номакшуфи рўзгор ва осори шуарои мазкурро дарёбем. Маълумоти Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ дорои аҳамияти адабиву таърихӣ ва илмиву амалӣ буда, аз нуфуз ва ҳунари тазкиранигории адиб шаҳодат медиҳанд.

Сарчашмаҳо:

  1. Абдӣ, Абдуллоҳхоҷа. Тазкират-уш-шуаро / Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғари Ҷонфидо / Зери назари Саҳобиддин Сиддиқов. – Душанбе: Дониш, 1983.
  2. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик / Аз хатти форсӣ таҳия ва тасҳеҳи Мубашшири Акбарзод.–Душанбе: Адиб, 2010.–438 с.
  3. Аҳмад Гулчини Маонӣ. Таърихи тазкираҳои форсӣ. Дар 2 ҷилд, ҷ. 1.–Теҳрон, 1363.–316 с.
  4. Возеҳ, Қорӣ Раҳматуллоҳ. Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират-ил-асҳоб. Матни интиқодӣ бо муқаддима ва тасҳеҳи Асғари Ҷонфидо / Зери назари Абдулғанӣ Мирзоев.–Душанбе: Дониш, 1977.–227 с.
пешина
аз 500
навбатӣ