Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тазкираи Шаръӣ яке аз он асарҳоест, ки то имрўз тадқиқоте роҷеъ ба он анҷом наёфта ва ба иллати нусхаи ягона буданаш камтар мавриди истифода қарор гирифтааст.
Шинохти хусусиятҳои сабкӣ, мухтассоти ашъор, шева ва усулҳои тасниф ва қиёсу муқобалаи тазкираи Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ метавонад барои дарки чандин матолиби муҳими илмӣ мусоидат намояд. Яке аз хусусиятҳои тазкираи Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ дар он аст, ки мавсуф перомуни рўзгор ва аҳволи фозилони замонаш (аз ҷумла, Аҳмади Дониш, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва ғ.) муфассал сухан ронда, аз эҷодиёти онҳо ҳар чи бештар ашъори баргузидаро дар тазкирааш сабту забт намудааст. Дар бораи нотамом будани ин нусха Расул Ҳодизода бо таассуф сухан ронда мегўяд, ки «ҳамон порчаи боқимондаи тазкираи Шаръӣ низ барои омўхтани адабиёти ин давр аҳамияти ниҳоят калон дорад. Чунки муаллиф дар бораи шоирони намоёнтарини ин аср (Аҳмади Дониш, Савдо, Возеҳ, Шоҳин ва ғайра) маълумоти басе муфассал меорад ва дар хусуси ҳар шоир мулоҳиза ва муҳокимаҳои интиқодии худро низ ба тафсил зикр мекунад.
Дар қисми намунаи ашъор низ Шаръӣ назар ба тазкиранависони дигар бештар ғазалиёт ва намудҳои дигари назми шоиронро дарҷ намудааст» (16, 49).
Ба қавли адабиётшинос Расул Ҳодизода, «Шаръӣ махсусан шоирони пешқадами замонашро ба далелу бурҳонҳои қатъӣ аз тўҳматҳои ноҳақ ва ҳамлаҳои беҷои муртаҷеъ ҳимоя намудааст» (16, 49). Аз ҷумла, гуфтаи Шаръӣ дар бораи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ қобили таваҷҷўҳ аст: «Аз камоли ҳилму сабр ва тамкину виқор ва андеша аз ҳарзадароёни абнои рўзгор дар ин боб чандон мубодарат наменамояд ва он чи маълумаш нагардад, ба рўи кор бепарда намеорад, балки ба назари муддаиён ва забондарозон амрро муштабеҳ мегузорад ва бад-ин васила худро аз забони бехирадону бехабарон махлас медиҳад.
Агар аз ин ҳайсият аз шарри нос халосу наҷот меёбад, лекин

пешина
аз 500
навбатӣ