Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бинолидам аз фурқаташ чанд рўз, Намерафт ҳаргиз зи ман дарду сўз (10, 122).
Садри Зиё на танҳо дар тазкираи манзуми худ «Тазкори ашъор», балки дар осори дигараш низ аз шиносоӣ бо Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ ёд мекунад. Чунончи, дар «Набзе аз гузоришоти аҳвол» зикр мекунад, ки «Рабеъ-ус-сонии санаи 1311 ҳ. ба қазои вилояти Янгиқўрғон лафзан тараққӣ, маънан таназзул намудам. Дар ин айём Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ, соҳиби «Тазкират-уш-шуаро» ба раёсати он вило маъмур буд. Фақат мояи хурсандиам дар он ҷо дарёфти сўҳбати фараҳафзои вай буд.
Ба андак фурсат аз дунё гузашт» (9, 115).
Садри Зиё дар «Рўзнома» моддаи таърихе дар шакли рубоӣ гуфта, соли вафоти Шаръиро чунин зикр намудааст: «Дар он айём рубоие ба хотири фотир расида буд, ки бинобар муносибати мақом ва тавзеҳи маром дар ин ҷо қаламӣ намуда омад:
Чун рахт бибаст з-ин ҷаҳон Ҳоҷӣ Азим, Гуфтам зи дилам гирифта шуд хори алим.
«Омад ба сарам балои содиқ» гуфтам, Сад раҳмати Ҳақ ба он кафандузди қадим (8, 129).
Ба ҳамин тариқ, дар бораи Шаръӣ дар ҳамаи тазкираҳои ҳамзамононаш ба ҷуз тазкираи Возеҳ, ки қабл аз асари мавсуф таълиф ёфта буд, метавон маълумот пайдо кард. Аммо чунонки гуфтем, ин маълумот гоҳе аз ҳам фарқ мекунад. Бархе соли вафоти ўро 1307 ҳ., бархи дигар 1311 ҳ., Аҳмад Гулчини Маонӣ дар «Таърихи тазкираҳои форсӣ» 1313 ҳ. сабт намудаанд. Аз маълумоти тазкираҳо маълум мешавад, ки дар овони раисӣ дар Янгиқўрғон дар аввали солҳои 90-уми асри ХІХ аз дунё чашм мепўшад ва дар ин айём пир набудааст. Бино бар ин, соли таваллудашро тақрибан солҳои 30-юми асри мазкур гуфтан дуруст аст.
Шаръӣ бо тахаллусҳои «Сомӣ» ва баъдан «Меҳрӣ» низ ашъор гуфта будааст. Баъди огоҳ шудан аз он ки Мирзо Азими муншӣ низ ҳамин тахаллусро дорад, ў тахаллуси худро дигар мекунад. Аммо дар тазкираи Ҳашмат бо ҳамин ном сабт шудааст. Дертар тахаллуси «Меҳрӣ»-ро гирифт, аммо ин тахаллусро Ҳашмат гирифта буд, ба ғайр аз ин, бо ин ном яке аз занони суханвар низ шўҳрат дошт. Бино бар ин, дар ниҳоят, тахаллуси «Шаръӣ», ки маънияш мансубият ба оину тариқати дини ислом аст, қабул кард.

пешина
аз 500
навбатӣ