Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Субҳдам, ҳанўз торикӣ аз пахтазор нарафта, ў бедор шуд: ким- чи шавқуне ўро аз хоб бедор кард; ба шамол монандӣ дошт, вале шамол набуд, ба шаршараи осиёб шабоҳате дошт, вале Хиёл, ки дар ин наздикиҳо осиёбро надида буд, дар тааҷҷуб монд. Ҳайратзада ва бо тарсу ҳарос сар аз зери фуфайка берун овард. Аввал осмонро дид, шиша барин хунуку ҳамвор, чарс, ангушт расонӣ, чириққос мезанад. Ва ў ҳеҷ майли ба осмон даст расондан надошт, ангушт барои он бароварда буд, ки бифаҳмад: мабодо об ба болои сари ў намерезад. Акнун ба овози об монанд будани он садои бадҳайбат боварӣ дошт; куҷоеро оби калони сарҷўй рахна задааст. Ва ў саросема шуд, ҷаста бархест ва панҷ- шаш қадам дуртар аз худ Наимро диду оҳиста дар ҷояш нишаст, зонувонаш меларзиданд.
Наим саросема бел мезад, хоки данибаро дур мепартофт. Рахнаро фарохтар мекард. Як осиёбвор об шаррос зада, ба замини пахта медаромад. Маълум буд, ки Наим ин корро пинҳонӣ мекунад ва нияте дорад. Ба ҳар ҳол ў кўшиш мекард, ки рахна васеътар шавад ва тамоми оби сарҷўй сўйи замини пахта равад.
Хиёл боре ҳам нашунидааст, ки дар ин ҳин ба пахта об монанд. Чӣ ният доштани ин саркори номиро ў пай намебурд, вале дилаш гувоҳӣ медод, ки ҳар гуна нияте ҳам бошад, нопок аст. Ва ў ҳеҷ хоҳише надошт, ки бихезаду худро болои Наим партояд, ўро афтонда, белро аз дасташ кашида бигирад. Агар бо ў набард карданӣ бошад, бо бел ба сараш фурорад, ки дигар то рахнаро бастани Хиёл аз ҷой наҷунбад ва ў аз кораш фориғ шуда, дасту пойи ўро бибандаду то саҳар посбонӣ кунад, баъд ўро ба район ҷеғ зананд... Не, дар дили ў ягон майле ба ин корнамоиҳо набуд.
Хайр, кино ё ҷанг гапи дигар, он ҷо бо душмани ашаддӣ меҷангӣ, медонӣ ва ба ту сад борҳо гуфтаанд, ки ин душман аст, агар нобудаш накунӣ, нобудат мекунад, ўро нест кун!
Он ҷо тамоман осон... Ин ҷо бригадирашон- саркор Наим рў ба рўйи ў истодааст. Ҳамон яке, ки ду ҳавлӣ онҳоро ҷудо мекунад, ҳафтае чанд бор ба хонаи онҳо, назди падараш, медарояд, мешинанд, чой менўшанд, нон мешикананд ва боз падари ҳамсинфаш аст. Одами баобрў, баъд қариби панҷоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё