Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Тарсидӣ? - даст ба китфи ў расонд Моҳлиқоб ва ўро сабук ҷунбонд.
- Не! - оҳиста пичиррос зад Хиёл.
Пичирроси Хиёл нисфишабӣ барои он духтаре, ки кайҳо интизори тўйи арўсӣ аст ва чун ў кўдакеро дар ин торикӣ ба танҳоӣ дучор омадааст ва шаб ҳам барои ў аҷаб шаби ширинест, тоқатфарсо буд. Ў дигар худро даст гирифта наметавонист. Ақаллан, ба ў ҷафс шавад, фақат ҳамин; мехост як боракак бинаду ҳис кунад, чашад, ки оғўши мард чӣ гуна аст. Майлаш, писарак ҳам бошад, боз беҳтар. Ў худро таскин дод, ки ин писарак ҳоло кўдак барин аст, аз ў шармидан нашояд, ўро фиребидан мумкин.
Ва дасташро ба пешонааш гузошт: - Тафсидӣ, ё сарат ба дард омад? Оҳ, тасф дорӣ! Канӣ, пешониата бинам, - гуфт ў бо овози ниҳоят пасти ба шавшуви шамол монанд ва лабони ларзонашро ба пешонаи ҳақиқатан тафсони Хиёл гузошт. Дастонаш беихтиёр ба сари ў часпиданд.- Додаракам, таб дорӣ! Таб дорӣ, додаракам!- пичиррос мезад ў ва лабонаш чу наъли тафсоне рўю гардани Хиёлро месўзонданд, доғ мекарданд. Бадани ў бо эҳтирос ба бадани ў ҷафс шуда месовид ва ҳолати дилхоҳ меҷуст.
- Тарсидӣ, аз шаб тарсидӣ? Шаб аҷаб шаби ширинест, додаракам...- пичир-пичир мехонд Моҳлиқоб дар гўши Хиёл.
Овози Хиёл дар гулўяш печида буд, чизе гуфта наметавонист, фақат канда- канда ноламонанд садое мебаровард.
Моҳлиқоб бемори барҷомондаи эрка барин вазни танашро ба Хиёл андохта, базўр- базўр ва ба ноз нолиш мекард. - Моҳлиқоб! Куҷо гум шудӣ! – фарёди хавотиромези Ҳасани Труба ба гўши онҳо расид.
Моҳлиқоб ба он тарзе ки хосси духтарони тансиҳати деҳотист, лабонашро аз лаби Хиёл канд, пас хез зада, пайкари чандирашро аз назди Хиёл чанд қадам дур гирифт. - Чӣ дод мегўӣ? Намебинӣ, омада истодаем. Оҳо, Хиёл, чӣ ақиб мемонӣ? Тезтар биҷунб!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё