Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Наим низ чанд рўз гўиё аз забон монда буд. Мардум бисёр мехостанд, ки ў забон кушояду табассум кунад, то ки қавоқҳои яхбастаи ҳама кушода шаванд...
... Хиёл лаҳзае истоду андешид: агар фикрашро даст нагирад, то рўз дар бистар паҳлу мегардад.
Пахтаи шабнамзадаро, оҳҳо, Хиёл ончунон мечинад, ки мошин барин. Агар даҳ даст медошт, аз мошин зиёдтар мечид. Вале... афсўс, ки нафақат ў мошин нест, балки худро аз як орзуи хурдакаке низ маҳрум сохтааст. Медонад, ки намешавад, набуд, нахоҳад шуд. Аробачаи ғилдиракдоре мехост дошта бошад, ки дар болояш бишинаду оҳистаоҳиста миёни ҷўясҳо равон шавад, дар пешаш чойники чойро монад, ҳамин ки ба сари ҷўяк расиданд, халта худ аз худ аз пеши аробача кушода шавад – ана ҳамин. Аҳмақонаҳа? Чӣ илоҷ, ҳамин қадар сабукӣ мехоҳад, зиёд не... Пахтаи шабнамзадаро чидан хеле осон аст. Нўги ғўзаҳо нарм, ба нўги ангуштон намехалад, пахтаҳо нам, агар як пешдоман пахта нисфирўзӣ 6 кило барояд, саҳарӣ 10 кило омаданаш аниқ. Субҳидам, пеш аз офтоб, ба саҳро рафт, кори якрўзагӣ аҷаб бафайз мешавад. Агар нисфи шаб биёӣ?
Нафаре чанд аз дўстонад нисфи шаб, қарибии субҳ, ба сари замин меомаданд. Чашмони варамкардаи онҳо ба ин гувоҳанд. Хиёл ҳам пай мебурд. Акнун, пас аз гуфтугўи нотамоми шабона, ў мехост, боре бо онҳо бо саҳро биёяд. Шояд гуфтаҳои Саид Маҳмуд дуруст бошанд: вай шаби пахтазорро надидааст. Пахта начинад ҳам, тамошо мекунад.
- Мо шаб намечинем, фақат рўз, - гуфт Маннон ба ў, ҳангоми рў ба рўшавӣ, вақте ки Хиёл аз ў шаб дар куҷо ҷамъ омадани онҳоро пурсид.
- Чӣ пинҳон медорӣ, ба ман бовар намекунӣ? Хайр, нагўй. Агар шаб маро дар байнатон дидиву бо ту гап назадам, хафа нашав.
Хиёл хуб медонист, ки Маннон ба ў чӣ мегўяд. Фақат эҳтиёткорӣ мекунад. Маълум, ки калонҳо ҳам мерафтаанд. “Агар танҳо бачаҳо мебуданд, кайҳо худаш маро таклиф мекард,”- аз дил мегузаронд Хиёл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё