Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
«Аз хонаи усто меравед, дастхолӣ бароед, айб,»- мегўяд ў, вақте ки онҳо гирифтани чизеро раво намебинанд.
Падари ўро Усмон мегўянд. Пеши Хиёл гоҳо нимшўхиву нимҷиддӣ Усмонбангӣ низ ном мебарандаш: ў аз ҷанг бо халтаи махоркаву чубуқи чормағзӣ баргашта буд.
Ҳарчанд ки пир асту баъзеҳо рўйрост ўро айб мекунанд, нияти партофтани тамокуро надорад. «Аз нос беҳтар аст,»- мегўяд ў. Ришаш сафед аст, вале абрўвонаш дароздарози сиёҳ. Кампирони ҳамсолаш мегўянд, ки ў хушрўйтарин мўйсафеди деҳаашон аст.
Ҳар гоҳ ки бегоҳонӣ беруни ҳавлӣ, ба пушти дарвоза, мебарояд, тешайи корхўрдаву сафедгашта бо як низом болову пойин рафта медурахшад, дуди чубуқаш ба ришу мўйлаб ва гирди сараш мепечад. Кампирон, сатили пуроб тори сар, дар пеши ў менишастанд. Оне, ки мўйсафедаш аз дунё гузашта буд, ё ки ҳоло дар ҳаёт асту болойи бистари беморӣ вомонда, ўро медиду оҳ мекашид. Дуои бад мекунад пиракиашро, ки пирӣ ба гардан гирифта, мурда барин хоб аст ва бо ҳавас ба дасту тешаи падари ў нигариста, аз дил мегузаронад: «Кош, мўйсафеди вай Усмон барин мешуд.» Падари ў бошад, аз миёни дандонҳойи ба нўги чубуқ андармонаш навъе карда гапи хуши забонашро тела дода мебардорад.
Мегўяд:
- Ҳа, Солеҳамо! Бисёр нигоҳ кардӣ, мабодо кафлезат нашикаста бошад? Биёр.
Ё мегўяд: - Кампири Нигор, қадрдон хешам, якта мондӣ. Ислом рафт? Рафи китоб фармуда буд. Тайёр аст, як омада бинад.
Ё мегўяд: - Набера муборак шавад, Тозагул! Биё, акнун, духтари хола, гаҳворайи аберата нав мекунем. Ё ният дорӣ даҳ пуштатро дар ҳамон гаҳвора хобонӣ! Ёд дорӣ, ки писарат дар ҳамин гаҳвора калон шуда буд. Э-э-э, кампир, аҷаб басариштаӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё