Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шофир оҳиста ба мошин нишасту тунук шуд: беҳуш гашта буд.
Мошинҳо дар баландӣ, дар канори роҳ, қарор мегирифтанд. Одамон ба поён мефуромаданд: лағжида, ғелида, шиму мўзаҳояшон гилолуд буд. Як пирамард ҷелакашро кашиду рўи ҷавонро пўшонд ва ба замин нишасту дар болои сараш даст ба дуо бардошт, одамони дигар низ пешу қафо нишастанд.

Шамс, бародари ҷавон, дар матбаа кор мекунад, ў машғули кор аст. Саҳифа мебандад, устои смена аст. Ҳам ҳуруф мечинад, ҳам саҳифабандӣ мекунад ва ҳоказо. Ў ҳоло сари верстка кор мекунад.

Пирамард дастонашро ба рўй кашид. Мардуми дигар низ даст ба рўй кашиданд, дар пайравии пирамард. Дуо ба поён расид. Шофири беёдро бардоштанду чоркаса, лағжидаву афтида, ба боло бароварданд. Борон қатъ ёфта буд, абрҳо пароканда мешуданд, болои деҳаи Девона, ки одамон аз ҳавлиҳо баромада медавиданд, равшан мешуд.
Чанд ҷавонмарду чанд пирамард гирди ҷасади ҷавон нишаста буданд

Мошине дар назди гараж, не, не, каме дуртар аз дарвозаи гараж, дар пешорўи магазин истод ва аз он марде фуруд омад, шитоб мекард, вале ба маҳзи ин ки пояш ба замин расид, ногаҳон истоду андаке фикр кард сари кадом
масъалае, ки ўро дудила медошт. Дудилагиш барҳам
хўрд, ба ҷониби дарвозаи гараж қадам зад: бешитоб, бепарешонӣ. Парешонии пешинаро аз рўяш, аз рафтораш
барандохта буд, хеле ором роҳ мерафт
Ҳидоятулло гарм чизеро нақл мекард, самовари хурдакаке, ки дар рўйи мизи қаровулхона ҳамеша дар ҷўш буд,
ҳавл мебаровард, аз пиёлаи дасти пирамарди пеши Ҳидоятулло низ ҳавли гарме мебаромад кабуд. Мардак ба назди
Ҳидоятулло омад. Ҳидоятулло ўро пеши худ хонд ва аз ҷояш нимхез шуд ё нашуд, ки мардак дар пешаш нишаст ва аз
дасти баҳри салом ба ў дарозкардааш гирифт ва ҳолпурсиаш кард.

пешина
аз 186
навбатӣ