Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нонхона, занон гирди суфра нишастаанд. Заволаҳоро рўи нонтунукунак лабкаш мекунанд. Ду кас дар танури калони девории пурнақшу нигор нон мебанданд. Дар пушти нонхона тапаки гов чида шудааст. Назди дарвоза чанори бузургест. Дар таги он мардуми бисёре чамъ шудаанд:
онҳо ба поён, ба деҳа, менигаранд. Мўйсафеде- тағои Махсум, каллакалон, ришсафед, нотавон, лоғар асокашон ба назди онҳо меояд. Дандон надорад. Ба душворӣ ҳарф мезанад. Бо забонаш лабони хушкашро тар мекунад.
Онҳо бо тавозўъ ҷониби пирамард мегарданд, тоб мехўранд. Ҷавон бо ҳазор эҳтиром ба назди пирамард меояд ва бо тавозўъ рў ба рўи ў меистад. Мўйсафед даст ба шонаи ў мезанад, бо ў вохўрӣ мекунаду пас аз лаби бораи зери чанор ба теппаи он тарафи деҳа, ки дар соҳили рў ба рўи дарё воқеъ аст, тоб мехўрад. Дар болои он теппа се дарахте менамояд. Ҳама ҷониби он дарахтон менигаранд.

  • Бобот хурсанд шуд, ки омадӣ, бобокалонат хурсанд шуд, ки омадӣ. Бахайр омадӣ, ҳар воқеае, ки дар ин хонадон рўй бидиҳад, онҳо аз ҳамон баландӣ мебинанд!
    Ҷониби қабристон, гўри авлодони худ нигоҳ карда, даст пеши рў гирифта дуо мекунад.
    Ҳама дастҳо пеши рў. Як кафи дуо дар ҳаққи гузаштагон, ки сиҳату саломат писаракро ба хонадонашон баргардониданд.
    Бо табақҳои пури гўшт мардон аз ҳота ба саҳни ҳавлӣ мебароянд. Касе онҳоро ба поёни нонхона, ба сояи тут, бармегардонад.
    Дар саҳни таги тут таҳдегӣ ва ҳезум истодааст. Чор ҷавон деги чилгўшаро бардоштаанд ва боэҳтиёт аз дарвоза медароранд. Ҷавонмарде пешопеши онҳо аз издиҳоми одамон роҳро холӣ мекунад, барои онҳо роҳ мекушояд.
    Деги чилгўшаро ба саҳни ҳавлии пеши тут медароранд.
    Табақҳои гўшт дар саҳни таги тут. Мардаке занбўрҳо ва пашаҳоро аз болои гўшти табақҳо мегурезонад.
    Ду кас флаги калони равғаниро мефароранд. Се каси дигар пиёзу сабзиро.
    Таббох ба кор шурўъ мекунад.
пешина
аз 186
навбатӣ