Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Мошин давидан дорад. Ронанда ва ҷавон дукаса суруде мехонанд. Мўйсафеде, шохи говаш андармони банде, банд дар кафи даст, ба куҷое мебарояд. Мошин меистад, мўйсафед говро кашола карда, аз роҳ мегузарад, гов норизо аст. Ў бадқаҳру хашмолуд ба мошин нигоҳ мекунад, ҳатто андаке меистад. Мўйсафед ўро сахт мекашад. Гов ниҳоят аз роҳ мегузарад. Мошин боз ҳаракат мекунад. Вақти аз паҳлуи гов мегузарад, сигнал медиҳад. Гов ҳайроннамо ба тарафи дигар менигарад. Мўйсафед дар фикре ғўта задааст.
Ў дар гарди мошин панаҳ мешавад. Чанг фурў мешинад.
Мўйсафед, ҳамон тавре ки ўро чанг ба оғўш гирифта буд, аз миёни чанг мебарояд: на хашме дур аз ўст, на шодие, ҳеҷ чиз нест. Зоғча аз шохи тут парида, ба шонаи гов мешинад.
Гов думи дарозашро мисли фалахмон тоб дода, ба сари шонааш мефарорад. Намерасад, вале садояш зоғчаро мехўсонад. Зоғча ба ҳаво мехезад. Бол зада, аз сари тут мегузарад.
Зоғча дар болои мошин пар мезанад.
Кўдак чархи аробаро ба сари теға расондааст. Ў ба поёни теппа, ҳатто куҳ аст, нигаҳ дорад. Мехоҳад онро ба поён ҷар кунад, қафову пеш ҳаракаташ медиҳад, то шаст бигирад.
Мошин медавад, назди гурўҳи занон қарор мегирад.
Ширро ба флаг мерезанд: болои мошин пур аз флагҳост.
Назди идораи ҷамоат. Девона нишастааст, қутии папиросро мехонад, одамон ўро гўш мекунанд. Хурсандона ва бо ваҷд мехонад. Кадоме як газетаи куҳнаро пеши ў мегузорад. Газетаро мебардорад. Хондан дорад. Газетаро чаппа доштааст; хандаи одамон. Ваҷоҳати девона. Касе ба ў қуттии гўгирдро дароз мекунад, девона қуттии гугирдро низ мехонад.
Писараке, ки чархи аробаро ба болои теғаи куҳи болои осиёби крак баровардааст, ба поён- ба деҳаву ба мардумони дар ҳар ҷо машғули гуфтугўву ҳаракат нигоҳ мекунад. Ў чархи аробаро ба тарафи осиёби крак сар медиҳад. Чархи ароба бо шаст чархида поён медавад.
Одамон ваҳшатзадаву гурезон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё