Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

–Ў ба сўи хаймаҳо ишора кард, ки аз таъсири офтоби сўзону боду борони адир рангпаридаю заб-зард гашта буданд.-Ана, бо чашмони худ бубину хулоса барор, журналист! Бубин, ки геологҳо чӣ ҳол доранд, дар кадом шароит кору зиндагӣ мекунанд!
-Ин «журналист» аз ман як суол кард, -шарҳ дод Сафарбек.-Пурсид, ки оё дар мавзеи Харангон кони тилло ёфт шудааст ё не? Аввал гуфтам: «Агар мо, бошандагони ин мавзеъ медонистем, ки ин ҷо кони тилло ҳаст, мисли мардумони он тарафи дунё худ ба кофтанаш сар мекардем. Мисли онҳо бою бадавлат мешудем! Ҳиҳи…-сабук хандид Сафарбек ва илова кард: -Баъд, ба қадри ҳол, он чиро, ки аз тую Султонзода шунида будам, ба Файзуллоҷон фаҳмондам. Дидам, ки аз гуфтаҳои ман қаноатманд нашудагӣ барин, маслиҳат додам: «Мегўянд, сухан аз даҳони Луқмон хуш аст».
Бирав, гуфтам, аз мутахассисон пурс. Ва боз мегўянд:
«Шунидан кай бувад монанди дидан». Ана барои ҳамин, биё, беҳтараш туро назди геологҳо мебарам, гуфтам. Онҳо дар шафати деҳаи мо, дар чорбоғи ман хаймаҳо задаанд. Рўзи дароз дар кўҳдоман, дар ҷарию пасхамиҳо ҷунбуҷўл карда, чизе мекобанд. Яке аз онҳо ҷўраи ҷонии ман аст,- гуфтам.-Номаш Аскар. Беҳтарин геолог, заминшиноси донишманд, маълумотдор аст. Аз вай бипурс, гуфтам, дар бораи тилло доштан ё надоштани ин мавзеъ маълумоти аниқ медиҳад. Ана барои ҳамин назди ту овардам».
Аскар пушти сар хорид. Гўё воқеае, саргузашти аҷиберо нақл мекарда бошад, дуру дароз ба хаёлот фурў рафт. Сипас, ҳикматомез лаб ба сухан кушод:
-Об дар кўзаву мо ташналабон мегардем! Ҳаст! Захираи тиллои ин мавзеъ ба даҳсолаҳо мерасад, агар онро кофтаю ёфтаву коркард кунанд, истифода намоянд…
Мутобиқ ба Барномаи рушди соҳаи геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, айни ҳол иншооти асосии мо ҷустуҷўи тилло дар минтақаҳои Варзобу Ромит ба шумор меравад.

пешина
аз 208
навбатӣ