Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Соҳиби мошини «Ҷип». Мошинро бештар хоҳараш Зумрат ҳай мекунад. Зумрат баъди хатми донишгоҳ ёрдамчии апааш шудааст, ҳар ду якҷо ба кори савдо машғул. Гўё дар зиндагӣ аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоранд.
Файзулло боз ба қаъри хаёлот ғуттавар шуд. Ҳар қадар мекўшид, наметавонист худро аз ғаму ёди қаҳрамони асосии асараш-Аскар раҳо кардан.
-Тағоҷон, -бо илтиҷо гардан каҷ карда ба Сафарбек нигарист.-Чӣ мешуд, ки рафта ўро хабар гирем.
-Киро?!
-Ҷўраатон, Аскарро.
Сафарбек хурсанд шуд. Ниҳоят, халос шуд ҷони ў аз кунҷкобиҳо, аз суолҳои бесару нўги ҷиянаш.
-Ана ин гапи дигар! Хайрият гуфтӣ! Ман ҳам дар ҳамин андеша будам. Ба ростӣ, чанд вақт боз ўро надидаам, аз ҳолаш хабар нагирифтаам. Ин айби ман, балки гуноҳ аст ўро хабар нагирифтан… Меравем! Ҳар куҷое бошад, ўро ёфта меорему ба муносибати омадани ту дар хона як зиёфати кори калон медиҳам. Чӣ гуфтӣ, Файзуллоҷон?
Мегўянд, ҷони зинда чӣ ки, оҳан тоб намеорад ба ин ҳама бори ташвишҳои зиндагӣ. Қариб ду сол аст, ки саманди бодпойи хушлаҷом-«Нива» дар роҳи ҳамвор намедавад, дар кўталҳо мелангад. Мошин не, сарборӣ шудааст. Чанд бор ба назди устоҳо бурдаш, вале устоҳо мегўянд, ки бубар, ба оҳанпора супор. Пири сақат шудааст, мегўянд. Як нуқсашро меёбанд, нуқси дигар пайдо мекунад. Ана, ҳоло ними роҳро тай накарда, аз заводи семент нагузашта, дар кутал омаду истод. Овоз намебарорад. Сафарбек ба чени фаҳмишаш ин сўву он сўяшро аз назар гузаронд. Ким-кадом қисмҳояшро бо калид тоб дода, кушод, боз дар ҷояш гузошта маҳкам кард. Камаш қариб як соат андармон шуд. Аммо ҳеҷ не, ки нуқсашро ёфта, ба роҳ дарорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё