Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

БО ИНТЕРНЕТ ҲАМОҲАНГ ЗИСТАН

Вақте ки мо ҷои ҷойгиршавиамонро иттилоъ медиҳем ва расмҳоямонро ба интернет мегузорем, дар бештари ҳолатҳо назоратро аз болои он гум мекунем ва ин хатари асосии муносибати беэҳтиёти мо бо геолокатсия. Ҳар як иттилооте, ки ба шабака гузошта мешавад метавонад сабабгори масъалаҳои ҷидди шавад.

Ишораи шумо ба вақтгузарониатон барои ҷинояткор метавонад нишондоди шуғли дӯстдоштаатон ва майлҳои шумо шавад ва онро метавонад ба мақсадҳои ғаразнокаш истифода барад. Мо ки дар ин бора пешакӣ фикр намекунем,чунин ҳолат метавонад бароямон хатари ногаҳонӣ созад. Бинобар ин мо бояд пеш аз маълумотҳоро дар интернет ҷой кардан, фикр кунем.
Ҷиҳатҳои мусбии геолокатсия: Истифодаи амалии геолокатсия хеле васеъ мебошад. Геолокатсия манфиати бисер дорад, масалан барои баъзеҳо, бо талаботи кориашон бояд макони ҷойгиршавиашон аниқ бошад. Бо ёрии он шахсони одди метавонанд:

  • мавқеи ҷойгиршавиро аниқ кунанд, ҳангоме, ки дар ҷои ношинос фаромаданд, ва маршрути қулай ва осонро барои расидан ба ҷои лозима интихоб кунанд;
  • дар шаҳри бегона ориентир гиранд, ва дар он ҷо ташкилот ва муассисаи зарурӣ, мағоза, кафе, тарабхона, музей, парк, истгоҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғ. ёбанд;
  • макони ҷойгиршавии автомобили худро муайян кардан – ин хеле муфид аст, ҳангоми ҷустуҷӯ;
  • гаҷетҳои электронии гумшударо кофтуков кардан – телефонҳо, планшетҳо ва ғ.;
  • назорат кардани амонатҳо ва борҳои фиристодаи худ.
пешина
аз 126