Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
карда нигоҳ доштааст.
Ҳавлии амаки Абдулҳафиз дар яке аз қишлоқҳои калони Вобкенд, дар сари роҳи Бухоро – Ғиждувон будааст. Ҳавлии калони беруну дарундор, боғу сарҳавзу ангурзорҳо дошт. Дар ин ҷо осудем. Занҳо ва мо бачаҳо дар ҳавлии дарун, ака Турсун ва Атқиёҳоҷаино дар берун буданд. Ман бо писарҳои амаки Абдулҳафиз ҷӯра шудам ва рӯзу шабҳоям хуш мегузашт. Бачаҳо ва ҷиянҳои Абдулҳафиз дар ёбон гандум даравида, хирман карда, кӯфта буданд. Гандум аллакай ба анбор оварда шуда буд, лекин коҳаш монда будааст. Инак, линга ва чуволҳоро ба се-чор хар бор карда, ману бачаҳо ба коҳкашонӣ сар кардем. Рӯзи дуюми қаҳкашонӣ мо дар сари хирман будем, ки аз роҳи калон як даста аскар, пеш-пеши онҳо ду-се нафар тоҷик, ё ӯзбекон дар тан камзӯлчаҳои ҷармин, дар сар телпакҳои гирдаи баррагӣ доштанд ва дар бозувонашон латтаи сурх баста буданд, гузаштанд. Мо аз тарс худро ба даруни коҳ задем. Пас аз оне ки суворон аз назар пинҳон шуданд, коҳгундорӣ накарда, ба харҳо сувор шуда, давон-давон ба ҳавлӣ омадем. Амаки Абдулҳафиз дар сояи ток, дар рӯи ҳавлӣ ба чӣ коре машғул буд. Ҳаяҷони моро дида пурсид:
– Хӯш, чӣ воқеа рӯй дод?
– Мо урусро дидем, – гуфтем, ҳаяҷон ва тарси худро пинҳон накарда. – Аз роҳи калон аспакиҳо гузаштану рафтанд.
– Аз ҳамин тарсида бе коҳ омадед?
– Ҳа, охир урусҳо буданд...
– Хайр бошанд чӣ?
– Мо тарсидем.
– Э писарам, – гуфт осудаҳолона амаки Абдулҳафиз, – рӯзе шавад, ки ба урус ҳамтабак мешавед! Аз ӯрии урус метарсед?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё