Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

буданд ва аз гирудорашон маълум буд, ки худашон аз маъно ва мантиқ бегона, ҳар он касе ки қобилият дорад ва кор карда метавонад рашк ва ҳасади онҳоро бедор мекард ва газетаро дастак карда танқид кардагешон - танқид кардагӣ. Ин ҳаракат ва рафторашон ба худашон зарар кард, душманҳои бисёре пайдо карданд.

Мисбоҳ Бурҳонов Муаллима ном зане дошт, зебо ва паричеҳра. Мегуфтанд, ки бо занаш чандон хуб зиндагӣ карда наметавонистааст... Ин хабарҳоро ман аз мардум шунидам, вале пухта намедонам. Ба Мисбоҳ Бурҳонов ва С.Ализода таъсири Аббос Алиев хеле зӯр буд. Рӯзе дар ҳавлии Мисбоҳ Бурҳонов зиёфати калоне шуд. Аз Тошканд хоҳараш Фотимаҷон омада буд. Аббос Алиев, Ализода, Қосим Карим (ки ҳамсояи Мисбоҳ буд), дар қатор ман ҳам ва дигарон буданд. Аббос Алиев бар зидди Фитрат, ки шавҳари Фотимаҷон буд, ташвиқот бурд. Ба Фотимаҷон таъсир карданӣ шуд, ки Фитрат пир аст, Фотимаҷон ҷавон ва лоиқи шавҳари ҷавони баобрӯст. Ба гумон ҳамин маҷлис ва ҳамин ташвиқотҳо сабаб шуданд ва Фотимаҷон аз ин ҷо рафта бо Фитрат муносибатро канд ва ҷудо шуд. Фитрат пас аз ҳамин шеъри машҳурашро навишт, ман порчаҳои дар хотирам мондаи он шеърро дар ин ҷо меоварам:

Рафт аз барам, ёри нозанин,
Ба ҷабин зи қаҳр барфиканда чин
Хасми беамон, дид то чунин,
Ҷаст аз камин, санги зулму кин
Кӯфт бар сарам,
К-аз шарорааш, дидаи тарам
Мекунад равон хуни оташин...
Дилбарам зи даст рафту доғ монд,

пешина
аз 339
навбатӣ