Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Устод онро хонда, пас аз се рӯз боз маро ба зери таъну лаън гирифтанд, ҷанг карда ҳикояро баргардонданд. Ҳамин тавр, қариб панҷ бор ҳикояро гаштаю баргашта кор кардам ва дар дафъаи шашум, ё ҳафтум ҳикояро қабул карда гирифтанд ва ба журнал доданд. Пас аз ин ҳикояи «Оё чӣ бояд кард»-ро навиштам. Вале инро Айнӣ надиданд ва ман ҳам, гӯё «усто» шуда будам, ки дигар, ҳикояамро ба худи идораи журнал фиристодан гирифтам. Ҳамин тавр, ҳикоя аз паси ҳикоя чоп шуда, ман насрнавис шуда мондам.

Дар Бухоро повести «Тирмор»-ро навиштам. Ин ба журнал чоп нашуд (худи журнал набуд, чоп нашуда монд), китоб шуда баромад. Вале устод таҳрир накарда буданд. Пас романи «Шодӣ»-ро навиштам. Дар 36 дафтари мактабӣ бо ҳуруфоти арабӣ. Бо нашриёт гапзанон карда, ин дафтарҳоро ба муҳокимаи устод, ба Самарқанд фиристодам. Пас аз чанд гоҳ устод романеро таҳрир карда, дафтарҳоро боз ба ман фиристоданд. Ин дафтарҳо бо таҳрири Айнӣ, ки худаш як мактаби адабӣ мебошад, ҳоло дар дасти худам мебошанд. Камол Айнӣ онро якбор аз дастам гирифта буд, лекин баъд бо сад азоб ва ёрии Муҳаммад Осимӣ (президенти Академияи илмҳо) дафтарҳоро бозгирифтам ва дигар ба касе намедиҳам. Устод Айнӣ дар болои ин дафтарҳо хеле кор кардаанд. Ҳар калимаеро, ки иваз кардаанд, дар саҳифаи дигар сабаби онро бо шарҳу баён навиштаанд, ки чаро ин тавр нею ин тавр аст. Масалан ман сарлавҳаи як бобро «дар шаби маҳтобӣ» навиштаам. Устод онро ислоҳ карда «дар шаби маҳтоб» навиштаанду дар эзоҳи худ гуфтаанд, ки «маҳтобӣ» он чиро мегӯянд, ки ба маҳтоб тааллуқ дошта бошад, масалан себи маҳтобӣ, ранги маҳтобӣ ва ғайра. Шаби маҳтоб мешавад ва ҳамин байти халқиро мисол

пешина
аз 339
навбатӣ