Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дониши медодагиаш, қариб баробари мактабҳои олии имрӯза буд. Ман аз бахту тақдирам розӣ будам, ҳарчанд ки бепадару модар будам, ҳарчанд ки бенаво ва нодорам будам, ҳарчанд ки дар интернат зиндагӣ мекардам. Лекин хурраму шод буда ва тамоман ба омӯхтан ва илм гирифтан дода шуда будам.

Дар мактаби мо рӯзе се маҳал хӯрок медоданд. Аввали рӯз нони тафтон (як навъ нони тунуки бомаза) қанду чою шир; дар нимрӯзӣ шӯрбо, кабоб (ё оши палав) ва ҳалвои тар (ё ягон хӯроки ширин); бегоҳӣ низ камтар кабоб, ё мошоба ва ғайра медоданд. Аз ҷиҳати хӯрдухӯрок ҳеҷ камбудие надоштем.

Як қазоқбачаи андак девонамизоҷ шарик доштам. Номаш Чангбостӣ буд. Вай дар вақти хӯроки нимрӯзӣ тоси шӯрбохӯрии калонеро бардошта ба матбах, ба назди ошпаз мерафт, мегуфт, ки «шӯрбо андоз!», ошпаз шӯрбо меандохт. Баъд ба ҳамон коса (тос) кабоб, ё оши палав талабида меандохт; баъд ҳалвоитар андохта, якбора ҳамаашро мехӯрд. Мо хандида мепурсидем, ки чаро ин тавр мекунад ва чӣ тавр он шӯрбою оши палаву ҳалвоитарро якҷо карда хӯрда метавонад. Ба ҷавоб мегуфт, ки аз дусар ҳамаи ин хӯрокҳо дар шикам баҳам ҳамроҳ шуда мераванд, чӣ фарқ ки ҷудо-ҷудо хӯрему ҳамаашро якҷоя хӯрем?

Бо Чангбостӣ боз як воқеаи дигар шуда буд, ки нақл кардани онро лозим донистам.

Дар вақти хонда гаштани ман романи машҳури Абдулло Қодирӣ – «Ӯткан кунлар» дар бадали ду-се сол дар ҳаҷми се ҷилд бо хатти арабӣ чоп шуда баромад. Ман ҳамин ки ҷилди аввалро хондам, тамоман мафтун гаштам. Шабу рӯз дар хаёлам қаҳрамонҳо, воқеаҳои роман ҷилвагар буданд. Хусусан синну соли сездаҳ-чаҳордасолагии ман айни парвардаи ҳамин тавр романҳои

пешина
аз 339
навбатӣ