Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Бародар, гар равӣ сиҳҳат, падарҷонро саломам гӯй,
Ба пешвозат барояд модарам, онро саломам гӯй.
Бародар, хоҳарони ашкборамро саломам гӯй,
Бибӯс аз ҷабҳааш, он додари ҷонро саломам гӯй,
Ҳама ҳамсоягон, наздик ёронро саломам гӯй.
Дар атрофии мард торафт одамон зиёд ҷамъ меомаданд. Баъзеҳо ба тӯқии дар наздаш ниҳода пул мепартофтанд. Овози мард то рафт авҷ мегирад.
Зи беилмӣ ба сар омад тамоми ин ҳама савдо,
Шуда фармони олӣ, бар сар афтодааст ин гавғо,
Агар дониш ба мо мебуд, магар будем мо расво?
Шуморо бод ҳасрат ин, аё баргашта ҳамраҳҳо,
Ба таҳсили улум созанд ҳама саъйи тамомам гӯй.
Мансур лаҳзае сурудро гӯш карду пас аз назди дӯконҳои чарчинфурӯшӣ, дӯконҳои косибон гузашт, ба кӯчаи васеъи Қӯшҳавз тоб хӯрда, оҳиста тарафи бинои мадрасаи Исматибой равон шуд. Чор соли таътилро дар ҳамин мадраса гузаронда буд. Раҳматии падараш ҳар вақт мегуфтанд, ки хонданӣ бошӣ, ба мадрасаи Улуғбек ё Шердор гузар. Онҳо мадрасаҳои номдор буданд. Вале вай ҳар гуна баҳона оварда, намерафт. Чунки он замон хонаи Бибигул дар поёни мадраса буду аз дур бошад ҳам, як-як чашмаш ба ӯ меафтид... Баъд падари Бибигул, амаки Абдуқодир, кӯчида ба гузари Панҷакентиҳо рафтанд ва Мансур арӯсро аз ҳамон ҷо овард. Ӯ назди дари мадраса омада ҳайрон шуд. Дарвозаи дутабақа ва кандакориро канда, ба ҷояш дарвозаи оҳанӣ шинондаанд ва он ҷо сарбозҳои болшевик даробаро доранд. Роҳгузаре гуфт, ки ин ҷо анбори аслиҳаю озуқаи болшевикҳост. Дилаш тоқати истодан накарда, роҳашро давом дод.
Назди ҳавлии шинос омад. Оҳ, ин ҷо ҳар сангу хишту хораш азиз аст. Дар ҳар ашё чеҳраи ҷавону меҳрбори Бибигулашро мебинад. Дару девор, чуноне, ки буд, барҷост. Ҷое хиштҳои болои девор афтидаанду касе наменамояд. Давраҳои ҷавонии азиз пеши назараш омаданд. Рӯзе ду-се маротиба аз назди ин дарвоза мегузашт. Ба ҳар баҳона меистод, ба дар, ба сари девор менигарист. Ба умеде, ки Бибигулро як назар мебинад ё овозашро мешунавад. Агар матлабаш иҷро мешуд, он рӯз дилаш шод, хотираш ҷамъ буд. Он дидорбиниҳо дар дафтари дилаш чун нақши рӯи санг нозууданианд. Вале ҳоло он духтарро ба чӣ ҳол расонданд. Аз фироки фарзандиаш, ки зада-зада куштандаш, устухонҳояш месӯзанд... Ӯ қадам задаю фикр мекард, ки ҳар вақте гузораш ба шаҳр афтад, албатта ба ин ҷо меояд. Он зебогии ҷавонию он шӯру шарар ин ҷост... Он сафедорҳои лаби ҷӯй, ки мисли сарбозҳо қаторанд, ин боди сар-сарӣ ки аз ин гӯшаи шаҳр мегузарад, шоҳиди он рӯзҳоянд.
Дар сари кӯчаи Боғи Майдон саройи боҳашамати Саидмуроди пунбафурӯш воқеъ буд. Мансур он хонаро аввалин маротиба ҳангоми тӯйи Саидмурод дида буд. Он манзили зеборо милисахона кардаанд. Поёнтар хонаи Ҳасани Чароғ аст.
Дар шаҳр ва деҳаҳои атроф, ки дӯконҳои чароғфурӯшӣ дошт, лақаби «Чароғ»ро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё