Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Кошки Бобоқула раис монанд, – овоз дод Аброри комсомол. Ҳоло вай ба ҷои Ашӯр котиби комсомол аст. Ашӯрро ба сабаби паст будани дониши сиёсии аз комсомолӣ озод карданд.
– Остони аҳмақ кори аҷиб кард, – Қодир ба завқ хандид: – Ҷониби Толибҷон гуфт: – Писартағо, занталоқ бошам, даҳ маротибаи қулф гуфтамаш, ки ҳой баҷаи кампир, ҳой Холи қатрон, дар хонаи тағом Олимбой ҳар рӯз меҳмон буду чунин исрофкорию қайлахӯрие, ки ту мекунӣ, намекарданд. Ту ин кора накун, қади курпаат по дароз кун! «мегуфтам ё не?» гуфта пурсида буд, ки Сангов, ҳайрон ба рӯяш нигариста «Занталоқ бошам, ягон бор ин гапа назанӣ» – гуфт.
– Оҳ худозада! Вай аз Хол бадтар аст, – гуфт Аброр. – Хол мегуфт, ки барра биёр, чорӣ меовард.
– Баҷаи кампир гуфташ, ки ту дурӯя аз ман кам нахӯрдӣ! Дар назди суд ту ҳам ҷавоб медиҳӣ ва Тоши Тарош ҳам. Ҳарду часпиданӣ шуданд, ки Толибҷон намонд. Пас тафтишотчиҳо коғазу қаламашонро бардошта ба чойхона рафтанд, ки аз ҳамон ҷо мошин савор шаванд. Дар ин байни Бобокул аз ҳуҷраи паҳлуяш овозе шунида, хавотир шуда медарояд, ки бачаи кампир худашро овехтааст. Ниммурда аз банд халосаш мекунад. Ба худ, ки меояд, мегӯяд, ки «ман аз тарси зиндон не, аз аламу ҳасрате, ки Толиби писари кулак, назоратчии давлати Шӯравӣ шудааст, ин корро кардам.» Бобокул ба ман ишора кард, ки хабарро ба тафтишотчиҳо расондам. Онҳо омада, раис, ту мурӣ, ба ҷоят кӣ ҷавоб медиҳад, гуфта пеш-пеш карданд ва ҳамроҳашон ба район бурданд. Имрӯз чунин гапу воқеаҳо шуд. – Қодир калонгирона сар ҷунбонд.
Кори суд як моҳ тӯл кашид. Пас дар як рӯзи ҷумъа Аброр, ки ба маҷлиси комсомол ба район рафта будааст, ба мошини почта омада хабар овард, ки Санговро ба муддати бист сол ҳабс карданд. Он бегоҳ дар назди мағоза одам бисёр ҷамъ омада буд. Як бригада ҷавонон, ки дар паҳлуи мағоза бинои чойхонаи сурхро мепӯшонданд, корро тамом карда, он ҷо буданд. Нурмуҳаммади писари Файзмуҳаммади қассоб ҳам буд. Вай шаш сол дар маҳбаси шаҳри Чеқазгани Қазоқистон мӯҳлати ҷазоро шишта омад. Як сол шуд дар колхоз кор мекард. Барои гапгирӣ баъзе мӯйсафедон ҳам омадаанд. Умарбой ҳамроҳи Каромат оҳиста меоянд. Ҳарду пир шудаанд, риши бетартиби паҳншудаашон чун шир сафед менамояд. Аз паси онҳо Обиду Нуралӣ меояд. Нуралӣ офият ёфта буд. Вай мисли солҳои пешина саллаю ҷома кардаю даст ба пушт бо салобат роҳ меравад. Занону бачаҳо ӯро дар кӯча бинанд, яктарафа шуда, салом дода, аз пасаш менигаранд. Мисли ки ба роҳгардияш ҳавас мекунанд.
– Дар давраатон фаъолони колхоз наменамоянд, – таҳдорона овоз дод Нуралӣ.
– Баъзе фаъолон тайёрии Сибирравӣ доранд, – лабханд кард Обид ва пештар рафта дасти Умарбою Кароматро гирифта пурсупос кард: – Шумоён ба офиятед?

Дар ҳамон тирамоҳе, ки Нодирхон подшоҳиро аз Ҳабибуллохон зада гирифт, тарафи баҳоррӯя дар Қундуз дар як шаб собиқ сардастаҳоро — Холдорбеку Қӯқанбеку Худойдоди Кӯлобиро дар назди хонаҳояшон корд зада куштанд.

пешина
аз 613
навбатӣ