Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Чаро ба мо лозим набудааст? – Боймуҳаммад аз дар баромада бо гиря гуфт: – Падарамро куштед, бародарамро ба тир задед, зиндон кардед! Акнун моро гурусна монда мекушед?!

Ба ҳоли ҷавон дили Обид сӯхт ва ҷониби Сангов ба тариқи маслиҳат гуфт:

– Раис, дирӯз ҳам ду нафар бо ҳамин масъала арз омада буданд. Гуфтанд, ки заминҳои моро ба дигарҳо медиҳед, диламон кашол. Рост мегӯянд. Замини худашона ба худашон додан лозим.

Сангов абрӯ гиреҳ кардаю гап назад.

Берун баромаданд, ки Ҳақназари ҳамсояи Обид бо домодаш бо чунин масъала арз омадаанд.

Мӯйсафед асояшро ба замин зада гуфт:

– Чаро Одинаи пайкор замини мана ба хешонаш медодааст?! Хешони вай шох доранд?

– Акнун дидед, рафиқ бригад, – Сангов истеҳзо кард. – Инҳоро ба таври худ монед, чӣ номақулиҳо намекунанд! Сибир мекунед, пас чашмашон метарсаду ба суханатон хубу хуш гуфта мегарданд.

Обид бо хашм ба Сангов нигарист.

– Раис, бас кунед Сибир гуфтана! Чандеро Сибир кардем, Домуллоназарро Сибир кардем. Акнун як одам намеёбем, ки ҷанозаи мардума хонад!

– Домуллоназар ба гуфти ҳукумат нарафт, ки мемонд, ки вай зоғи ало шуда яккахоҷагӣ монад?

– Атроф пури яккахоҷагӣ, аз имсол мешуд.

– Ту ба ман гап ёд надеҳ!

Одина тарафи раисро гирифт.

– Обид, ту кори худата карда гард.

– Аз ту касе напурсидааст! – Обид аз онҳо ҷудо шуда рафт.

...Раис кашамола карда вақтро гузаронд. То хабар ба ҳарду кутании мол бурдаю онҳо роҳи ағбаи Китобро гирифтанд, ки дар аввали сол ду нафар аз ноҳия омада тафтиши кори колхози ба номи Аскари Сурхро шурӯъ карданд. Яке насабаш Рашидов, марди чашмонаш кабуд ва тоторнусҳои чидисимо. Ҳамроҳаш Толибҷони писари Олимбой. Толибҷон ҳоло ҷавони бо китфу бозу шудааст, мисли падараш оҳиста сухан мекунад. Тафтишотҳо аз рӯи аввал ба раис маъқул нашуданд. Дар давраашон ғур-ғур мекард. - Рашидоваш бегонаи аҷнабӣ, «Тотор бор хатар бор» гуфтаанд. Толибҷонаш фарзанди кулак. Наход фарзанди кулакро тафтишотчӣ монӣ, ана ақл».

Рашидов ба кори худ усто шудааст. Рӯзи аввал аз ноҳия милиса даъват карда ду нафар колхозчиро ҳамроҳ карду фармуд, ки моли колхозро дар куҷое бошад, шумурда биёянд. Пас аз чор рӯз Қодир (ӯ ҳоло қаровули идора) хабар расонд, ки кори комиссия шабу рӯз навис-навису бачаи кампир (дар назар дорад Санговро) аз тарсу воҳима мисли чароғи дар об зада шудааст. Пас овоза шуд, ки пурсуҷӯро бештар Толибҷон мекардаасту навис-нависа чашмкабуд. Мардум дар назди мағозаи нав ҷамъ омада мегуфтанд, ки акнун Толибҷон аз Хол қасоси падарашро мегирад. Хоҳ-нохоҳ айбашро ёфта зиндонаш мекунад. Вай барои ҳамин мактаби ҳисобчиро хонд. Ҳама интизори оқибати кори комиссия

пешина
аз 613
навбатӣ