Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Агар боз хонаашон биёеду пурсанд, чӣ ҷавоб медиҳед?
– Агар боз рӯбарӯ шавем, ҳамин гапро мегӯям: «Ба ивази ҳаштод гӯсфанд ин асп кам, боз як аспи дигар тайёр кун. Ҳамин хел, чӯра. Ҳаромбозӣ аз худи ошном шурӯъ шуд. Акнун аспро тезон, ки роҳ дароз аст.
Субҳи рӯзи дигар аспакие хабар расонд: «Роҳи Қарширо то Когону даромади Бухоро русҳо гирифтаанд. Ин тараф роҳи Каттақурғону Чӯли Маликро низ тасарруф кардаанд. Мусофиронро таҳқиқ мекардаанд, борашонро мекофтаанд».
Дар даромади Муборак ҳамроҳи корвони на чандон калоне аскарони сурх онҳоро ҳам дошта пурсукор карданд. «Шояд инҳо ба Бухоро ҳам ҳуҷум мекунанд, — фикр кард Мансур. — Агар ҳуҷум кунанд, амир ба онҳо муқобилият карда метавонад? Вай ҳам лашкар дорад, кӯрхонаи тиру туфангсозӣ дорад, девори мустаҳкам шаҳрро печондааст. Лекин дар гумон аст ба инҳо зӯраш расад. Хубаш бо инҳо сулҳ кунад. Ними хазинаи хобрафтаро диҳаду сулҳ кунад».
Онҳо аз корвон пеш гузашта рафтанд. Наздики намози шом дар мавзеъе, ки Тукумтеппа мегуфтанд, баҳри шабгузаронӣ ба назди хаймае фуруд омаданд. Марди қазоқе, ки чеҳраи сурхина ва риши тунуки сафед дошт, онҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта ва рӯйи суфаи назди хайма ҷой дод. Он ҷо ба ғайр аз ду кӯдаке, ки тани луб-луч бозӣ доранд, дигар касе наменамояд. Ҳавои дашт гарм ва дам аст. Мизбон дар гармӣ бетоқат шудани меҳмонҳоро дида, айрони хунук овард ва ба косаҳо рехта, ба лаҳни мулоим гуфт:
– Айрон ташнагиро мешиканад, дилро неруманд мекунад.
– Ин ҷо як худатон? — пурсид Мансур.
– Алҳол як худам, — мард синҷакорона ба Мансур нигариста илова кард: — Ин ҷо шабона ҳама гандумдаравӣ мераванд, пагоҳӣ, ки офтоб рӯи даштро фаро гирифт, бармегарданд. Як моҳ кори мо ҳамин. Баъзе деҳаҳои атроф то ду моҳ гандум медараванд.
– Ин ҷо гандум хуб мешавад? — Мансур косаро назди мӯйсафед давонд. — Амак, айронатон хуб будааст, боз якто резед.
– Тухмӣ хуб бошад, обашро дар вақташ диҳед, албатта, хуб мешавад.
Мансур мебинад, ки Ҷовид ҳамроҳи кӯдакҳо дар назди тавилае, ки ду уштурро бастаанд, хандаю бозӣ доранд. «Кӯдакҳо, ки поку беғаразанд, зуд унс мегиранд», — меояд ба дилаш.
– Офтоб, ки ҳаст, гандум хуб мешавад, батаъм мешавад. — Мӯйсафед суханашро такрор кард ва афзуд: — Аз Бухорою Самарқанд, ҳатто аз Тошканд, ба ин ҷойҳо омада гандум меҳанд.
– Моли нағзро мардум кофта меёбанд.
Дере нагузашта моҳи пурра баромада, даштро бо ранги зарди хатҳои кабуддошта равшан кард.
– Ин ҷо моҳтоби шумо калон менамояд, дар оғӯшат намеғунҷад, — гуфт Мансур ба тариқи шӯхӣ.
– Замин ки фарох аст, моҳ калон менамояд, — мӯйсафед табассум кард.
Ба дили Мансур омад, ки мӯйсафед ҳанӯз аз гирудори инқилоб бехабар аст. Худаш ҳам аз ин боб сухан накард. Номашро нагиранд, беҳтар. Боз каме аз зиндагии дашт суҳбат кардану пас мӯйсафед болои суфа баҳри меҳмонҳо раҳти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё