Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шумо, ҳамшира, акнун шаби сиёҳ, бегоҳи охиру дигар-дигарҳо гуфта нашинӯду ҳамин шаб барои панҷ касакак як дастархон кунед, кифоя, шуморо ҳеҷ кас айб намекунад. Охир, панҷ бача кати мондаед (ду фарзанди ӯ мурда буд).
Ҳиқ-ҳиқ гиристани зан ба гӯш мерасид.
Бачагони Бобоамак хурд-хурд монда бошанд ҳам, ба туфайли замони мо хор нашуданд. Хонданд, сари касбу корҳоро гирифтанд. Ҳоло ҳар кадом чанд нафарӣ бача доранд ва осуда умр ба сар мебаранд.
Ба дари тӯйхона наздик шуда яке аз писарҳои Бобоамакро дидам, ки Сабур ном дорад. Ӯ аз дасти набераи аввалини худ духтарчаи силсиламуйи шаҳлочашм, сурхинарӯи тақрибан панҷсолаи сару пои (ба муносибати тӯй ҳамсоя бошад даркор), паппа-нав пӯшидаро гирифта меомад.
Эй, муаллими камнамо, шумо ҳам ба ин маҳалла меомадед-дия! — гӯён Сабур бо ман вохӯрӣ кард ва ба духтарча ишоракунон илова намуд: — Ин набера мешавад, ба амакат даст деҳ, вохӯрӣ кун. Инҳо ҳамсояи мо буданд. Номатро гӯй. Бош, тезтар гӯй, — духтарча азбаски шармида номатро нагуфт, бобояш ӯро ба ман муаррифӣ кард: — Номаш Шаҳло, аз номҳои ҳаминзамона.
Номи духтарча ба худаш муносиб буд. Либосҳои нав ба рӯяш ҷанг мекард. Чунин авлоди шоду хуррамро бо чунин либоси қиматбаҳо бечора Бобоамак медид, чӣ қадар хурсанд мешуд!
Ин вақт бохабар шудам, ки борони торафт камшуда боз мондааст. Аз паси абри сурхи ғарб, ки аз ҳавои хуби пагоҳирӯзӣ мужда медод, офтоби ғурубида истода шӯълаҳои охирини худро ба шохаҳои баланди дарахтон мепошид. Аз ақиб овози Нурмуҳаммадро мешунидам, ки мегуфт:
Аз пою қадаматон гардам, дӯстам, шумо омадеду борон ҳам монд. Офтоб ҳам баромад. Ассалому алайкум, саломат ҳастед? Хуш омадед, канӣ ба ҳавлӣ марҳамат.
Ошнои ман хушҳолона ва меҳмоннавозона маро пешвоз гирифтаву вохӯрӣ намуда, ба ҳавлӣ гирифта даромад. Дар ҳавлӣ ҷавонон даву тоз намуда, ҷой тахт мекарданд. Ба рӯи қаҳҳои муваққатӣ, ки то ин вақт бинобар борон палос накушодаанд, гилемҳо меандохтанд,

пешина
аз 447
навбатӣ